Имрўз яке аз проблемаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва экстремизми динӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи бемон мебарад.
Диққати ҳаматарафа ба ин масъалаи мубрам аз он бармеояд, ки дар тамоми олам, махсусан дар мамолики Шарқи Наздик гурўҳҳои террористии «Давлати исломӣ», «Толибон», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ихвон-ул-муслимин» ва ғайра ҷангу хунрезиҳо ангехта, боиси ҳалокат ва фирории садҳо ҳазор мардуми осоишта мешаванд. Ҳамчунин боиси таассуф ва нигаронист, ки ба ин гурўҳҳои ифротӣ ҷавонони ноогоҳу гумроҳ бо ваъдаҳои дурўғ кашида мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи давлатҳоест, ки бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон мебарад. Дар ин иртибот мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад. Роҳу усулҳои он ба таври рўшан дар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» инъикос ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ва арсаи байналмилалӣ обрў ва мақоми махсус дорад. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлоли дар тамоми самтҳои хоҷагии мамлакат пешравӣ ва комёбиҳои назаррас ба миён омаданд. Аммо бархе аз душманони миллат ҳамаи ин ободӣ ва пешравиҳоро дида наметавонанд. Ба ин қатор ҳизби мамнўъи наҳзати исломи Тоҷикистонро ном бурдан зарур аст.
Ёдовар бояд шуд, ки ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф гардидааст.
Ҳодисаҳои нангини 4-16 сентябри соли 2015 – сўиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сурат гирифт, собит намуд, ки баъзе аз доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанўз аз ниятҳои бадхоҳона нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд.
Ҷоизи қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз чандин конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баландро вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаи умумии иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони миллали муттаҳид иброз доштанд: «Имрўз ҳамаи мо шоҳиди рўйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд. Тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ҳоло фаъолшавии гурўҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст».
Имрўз ҳар як нафар узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди террориз ва ифротгароии динӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамҷоягӣ метавон ба ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд.
Инчунин терроризм муборизаи ҳамҷояи тамоми давлатҳои ҷаҳонро тақозо дорад.
С. Бурҳонов, устоди ДИС ДДТТ