Мо аҳли омӯзгорон ва кормандони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оид ба суханҳои иғвоангезонаи базе ашхос доир ба коронавирус ва мардумро ба таҳлука андохтанашон маҳкум намуда, қайд менамоем, ки донистаю надониста оид ба вазъи эпидомилогии аз ноҳияи Ҷ.Расулов сухан намуда, бо ин амалашон нияти ноором сохтани фазои орому осудаи Тоҷикистони азизро доранд. Бояд ёдовар шуд, ки то кунун ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандони ба ин бемории сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин мо тибқи дастури мутахасисони соҳа-табибон ҷиҳати пешгирии ин вабои аср тамоми тадбирҳои заруриро андешидан зарур мебошад. Имрӯзҳо бо дарки масъулият мо фаъолияти худро дар самти амалигардонии чорабиниҳои пешгирикунанда бо ҷалби табибон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳои инфиродиро дар байни донишҷӯён мунтазам ба роҳ монда истодаем.
Бо баробари ин таъкид кардан бамаврид аст,ки дар донишкада теъдоде устодону донишҷӯён аз ноҳияи Ч.Расулов кору таҳсил доранд. Мо омӯзгорони кафедра дар байни донишҷӯён ташвиқотҳои солим бурда, дар машғулиятҳои сарпарастӣ мавзӯи мазкурро барои хулосабарорӣ мавриди муҳокима қарор намуда, фикру андешаҳои донишҷӯёнро ба инобат гирифта, бори дигар қайд менамоем, ки ба суханҳои беасос бовар накунанд. Бо баробари ин тавсия медиҳем, ки Ватанро обод кунанд, фасодро дар Ватан аз байн бубаранд, чун ҷавонони созанда ва муҳаррики давлат ба ҳаргуна фитнаву овозаҳо бовар накунанду ҷаҳолатро аз байн баранд ва номи тоҷику тоҷикистониҳоро паст накунанд!