ПЕШВОИ МО – ИФТИХОРИ МО!

Нуҳуми декабри соли 2015 дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик  боз як саҳифаи дигаре зам шуд. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” – ро қабул намуд.

Санаи 11 – уми октябри соли 2020 интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Пешвои муаззами миллат баҳри рушду инкишофи минбаъдаи давлатдории миллӣ,  сарҷамъии миллат, ҳифзи арзишҳои  истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ,  дахлнопазирии кишвар ва таъмини шароити зиндагии арзанда, инкишофи озодона  ва рӯзгори пурнишоти миллати куҳанбунёду  тамадунофари  фарҳангсолори тоҷик  саҳми бузургеро гузоштааст.

Тамоми кӯшишу ғайрат  ва ҳидояти  ин абармарди миллат  ба иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба  истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ,  ҳамзамон рушди илмҳои бунёдӣ  дар амал тадбиқ гардида истодааст.  Имрӯз  тамоми шароит барои  рушди илм ва робитаи илм бо истеҳсолот, ғамхорӣ дар ҳаққи олимони ҷавон ва корҳои зиёде дар ин самт  гувоҳи  гуфтаҳои болост. Беҳуда нест, ки  мардуми мо  сарвари худро Президенти  мардумӣ ном наниҳоданд. Зуро ӯ худ аз байни халқ баромада ба дарду ғами халқ шарик аст. Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Паёми  нахустини  мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-  уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Мардуми кишварамон  суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад. Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад ва чун Роҳбари давлат эътироф мекунад.

Ҳамин дӯстдории ӯст, ки халқ ӯро дар рӯзи интихоботи навбатӣ аз сари нав сарвари худ пазируфтанд. Дар ҳақиқат, ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи вай сахт марбут аст.

Барҳақ ӯ  Исмоили Сонӣ шуда,

Фахри ҳар  як тоҷикистонӣ  шуда ,

Некаъмол аст,  садри  бебаҳост,

Як назар! Дар чеҳрааш  Нури  Худост!

 

Асисстенти кафедраи

Назарияи иқтисод Маҳмудов М. М.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *