Изҳороти кафедраи муҳосиботи бухгалтерӣ ва аудит оид ба ТТЭ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ ВА ОҚИБАТҲОИ НАНГБОРӢ ФАЪОЛИЯТИ ОН

Баҳри ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Раиси Шўрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид. Дар аввалин суханронӣ ба ҳайси Раиси Шўрои Олӣ сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъда доданд, ки ба ҷумҳурӣ сулҳ меоранд ва гурезагони иҷбориро ба Ватан бармегардонанд.

Яке аз тадбирҳои аввалиндараҷае, ки аз тарафи роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ин ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иҷтимоии давлати тозабунёди тоҷикон буд, ки дар он рўзҳо бо гуноҳи мансабталашону ифротгароён ба вартаи нобудшавии давлату миллати тоҷикон ғўтида буд. Сабаби ба бўҳрони сиёсӣ гирифтор шудани Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта ин пиёда гардонидани манфитҳои сиёсӣ аз тарафи саркардагони Ҳизби наҳзати ислом ба ҳисоб меравад, зеро ин ҳизб дар зери ниқоби ислом барои зери асорати худ даровардани ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон кўшиш ба харҷ доданӣ шуданд. Чунин нақшаи нопокӣ ин ҳизб аз тарафи душманони хориҷии миллати тоҷик тарҳрезӣ гашта, ҳамчунин сарчашмаи молиякунонии ин нақшаҳои ифротгароӣ аз тарафи хоҷагони хориҷии ин ҳизб пешбинӣ шуда буд.

Роҳбарияти ин ҳизб барои амалӣ гардонидани нақшаҳои хоҷагони худ ва пиёда сохтани манфиатҳои худ аз роҳу усулҳои куштору қатли ходимони давлативу ҷамъиятӣ, олимону адибон пеша карда буданд ва бо ин восита мехостанд пеш аз ҳама таҳкурсии пояҳои давлативу ҷамъиятиро суст гардонанд.

Айни замон ҳизби мазкур дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон гардидааст. Сарвари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ тариқи расонаҳои оммавии мамлакатҳои гуногуни хориҷӣ баромад намуда, иброз медорад, ки гўё дар Тоҷикистон озодии сухан мавҷуд намебошад, шаҳрвандон зери фишори ҳокимият қарор доранд. Гўё барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат, кам гардидани сатҳи камбизоатӣ монеагиҳо буда, ҳуқуқҳои шаҳрвандон доимо поймол мегардад.

Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш кўшиш мекунанд, ки байни халқ низоъро ба вуҷуд оранд. Тоҷикистони сулҳпарвару биҳиштосоро ба мамлакати ғарқи хун, ба монанди Сурияву Ироқ, Яману Афғонистон табдил диҳанд. Бинобар ин, воқеаҳои хунини сиёсии солҳои охири мамлакатҳои гуногуни шарқу ғарбро моро водор месозад, ки бо ҷаҳон нигоҳи солим дошта бошем. Насли ҷавононро ҳушдор созем, ки ба гурўҳҳои гуногун шомил нагарданд, зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳанд, балки барои пешрафти иҷтимоиёту иқтисодиёти кишвари худ саҳмгузор бошанд.

Мо шаҳрвандони Тоҷикистон набояд фирефтаи гуфтаҳову баромадҳои шахсони ба Муҳиддин Кабирӣ монанд гардида, побандӣ ваъдаву сарватҳои онҳо гардем. Набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем, баръакс бояд барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон, якпорчагии он ҳамеша омода бошем. Маҳз ҳамин таъкиднамоии Сарвари давлат буд, ки имрўз дар фазои кишвари мо сулҳу субот ҳукмрон аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *