Изҳорот оид ба Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ, ки ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шудааст
Қобили таваҷҷӯҳ аст ва аз сомонаҳои хабарӣ бармеояд дар мувофиқат ба Низомнома оид ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстреместӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, таҳти №79, ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шудааст. Қаблан, ба ин рӯйхат чунин созмони террористӣ монанди “Ал – Қоида” ДИИШ, Ҳаракати Толибон, “Салафия”, “Бародарони мусалмон” ва ғайра номнавис шуда буданд, ки ин ташкилотҳои душмани дини ислом маҳсуб меёбад.
Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви ТЭТ ҲНИТ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии ДИИШ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб – ут – Таҳрир”, “Ҷамоати таблиғ”, “Гурӯҳи – 24” ва ғайра боздошт гардиданд.
Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ шахсан ташкилкунанда ва маблағгузори табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бо иштироки гурӯҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода дар Тоҷикистон аст, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи Интеропол эълон шудааст.
Аз он даврае, ки мо ба душвориҳои зиёд нобасомониҳоро паси сар намуда, тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизамон роҳи созиш ва оштии миллӣ – роҳи ваҳдатро пеш гирифтем, вақти зиёде нагузаштааст. Мо бояд барои ҳифзи ин неъмати муттаҳидсоз, кулли мардуми тоҷик муттаҳид ва сарҷамъ бошем, Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҷомеаи муосир дар радафи бисёр дастовардҳо, такмили қонуниятҳои давлатсозию давлатдорӣ бисёр муаммову таҳдидҳо ҷой доранд, ки ин омилҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Яке аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ ба сулҳу амнияти ҳуқуқбунёди Тоҷикистони азизи мо терроризм, радикализм ва экестремизм мебошад. Ин падидаҳои ташвишовари муосир ҳамчун амали ҷиҳоду хизмат ба дин аз ҷониби афроди ҷиноятпеша рӯйпуш шуда истода, сафи пайравони ин ақидаи ботилро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳу бесавод афзун менамоянд. Ин ташвиқгарони ифротӣ ҷавонон ва тӯдаи гумроҳшудагонро барои иштирок дар амалиётҳои мусаллоҳона дар қаламрави Сурия ва Ироқ, ё худ замини Шомро на танҳо бо хизмат ба дини Худо ва ваъдаҳои охирати биҳиштӣ, балки инчунин бо ваъдаҳои зару зевар, маблағҳои зиёд ҷалб менамоянд.
Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин гуфта буданд: «Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёгони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем. Ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ, миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти мардуми Тоҷикистон бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона, тарбияи насли наврасу ҷавонони ояндасоз ва дӯстиву ҳамкориҳои судманд ба мамлакатҳои пешқадам моро ба ояндаи пурсаодат мерасонад.»
Оре, мо бояд фарзандонро баробари таълиму тарбия додан, онҳо, ки ояндаи миллати мо ҳастанд, ҳушдор намоем ва ба равияҳои бегона нагараванду ҷони худро ба зери хатар нагузоранд.
Аз ин лиҳоз мо халқи тоҷик боз ҳам аз пештара хубтару беҳтар муттаҳид бошем. Нагузорем, ки давлатамон осеб бинад ва дасисабозиҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба мақсади нопоки худ нарасад.
Калонова Азизахон,
ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон