Хушбахтона, имрўз Тоҷикистони азизи мо ба яке аз кишварҳои ободу соҳибистиқлол ва пешрафта ба шумор рафта, дар арсаи байналхалқӣ мавқеи хосаро сазовор гардидааст. Албатта, муаррифии Тоҷикистон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ кори саҳл набуд. Баъди барҳам додани ҷанги шаҳрвандӣ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мухтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо биҳиштосо гардида, дар байни мамолики олам ҳамчун як давлати ҳуқуқбунёд ва соҳибистиқлол муаррифӣ гардид.
Хушбахтона, имрўзҳо нишонае аз он рўзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ намондааст.
Аммо то ҳол он ашхоси нобакор, ки имрўз худро «озодандешон» номидаанд, оиди миллати точик ва Тоҷикистон суханҳои қабеҳ мегўянд, ки ҳамаи ин гуфтаҳо аз нотавонбинӣ мебошад.
Бар ақидаи гурўҳи нохалафи «озодандешони тоҷик» имрўз мафҳуми «сулҳ», дар Тоҷикистон гуё пурра ҳукмфармо нест. Аммо он нобиноҳо магар намебинанд, ки дар замони муосир мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурда, шукронаи сулҳу оромӣ, тинҷию осудагӣ ва чунин сарвари оқилу доно ва раиятпарвар мекунанд.
Ассистенти кафедраи иқтисодиёти
ҷаҳон Шораҷабова Шаҳноза Зафаровна