Изҳорот оид ба гуфтори хоинони Ватан дар шабакаҳои иҷтимоӣ!

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видиои гирдиҳамоии аъзоёни Гуруҳи 24 пахш гардид, ки чанд нафари ноошнову ношинос ва фиребхӯрда нисбати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат бадгӯӣ мекунанд. Онҳо нобиноёна дастовардҳои Тоҷикистони азизро нодида гирифта, худро ҳомии озодию демократия меҳисобанд. Мо амалҳои иғвоангезонаи онҳоро маҳкум менамоем ва таъкид менамоем, ки нисбати Ватан, Модар ва миллат бадгӯиҳоро бас кунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба қатори кишварҳои рӯ ба тараққӣ дохил шудааст. Ҳамин оромию озодии кишвар як бойигарии нотакрор аст, ки бо ҷаҳду талоши зиёди шабонарӯзии Пешвои тоҷикон, Асосгузори сулуҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Мо ҷавонон, набояд зиракии сиёсиро аз даст дихем ва фирефтаи ҳар гуна созмонҳо шавем, ояндаи давлату миллат аз мо вобастагии қавӣ дорад. Мақсаду мароми мо боз ҳам густариш додани сарҷамъӣ, тифоқӣ, хушбахтӣ, хандаи тифлон, сархушии ҳамагон мебошад.
Ҳаргиз намегузорем, ки як зумраи бадкинон ва хонинони Ватан ба мисли чунин анҷуманҳо ва ин зумра гурӯҳҳои душмани халқ аз боби «адолату ҳақиқате, ки вуҷуд надорад» ақида баён намуда, мардумро, махсусан ҷавононро гумроҳ созанд.
Ба гуфтори ин хоинони Ватан бовар накарда, вокуниш нишон медиҳем, бо ақли солим ва рафтору гуфтори оқилона ба сӯи пеш ба ояндаи дурахшон қадам занем, то ин ки Тоҷикистони ягона ва азизи мо дар арсаи байналмилалӣ беш аз беш шукуфону дурахшон гардад.

М. Раҳматуллоева

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *