Ифтихор аз Пешвои муаззами миллат дорем!!!

Махз самараи вахдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои вахдатгароӣ буд, ки Точикистон дар арсаи сиёсати байналмиллалӣ дар муддати кутоҳи таърихӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои шоиста мушарраф гашта истодааст.
Имрӯз Тоҷикистон қадамҳои устувори худро барои ҳамкориҳои тарафайн пурқувват карда истодааст. Ҳеҷ як таҳдид ба монанди бадкориҳову бадандешиҳои анҷумане бо ном «озодандешон» ва гурӯҳаке бо номи 24 дар давлатҳои хориҷ наметавонанд обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ паст намояд. Ин ҳама созмонҳо душмани миллатанд. Ҳамаи он баёнияҳои анҷумани бо ном «озодандешон» беасос буда, маромашон ба хоини миллату давлат табдил додани ҷавонони кишвар ва бадном намудани ҳукумати ҷумҳурӣ дар арсаи байналхалқӣ мебошад. Бояд ин муаммоҳо дар дохили давлат баррасӣ гарданд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ мебошад.
Лек хеч ин инфоргарон заррае ба мардуми тоҷик зиёни худро намерасонанд. Тоҷикистони азиз ба чор самти дунё роҳ ёфта, имрузҳо дар чеҳраи хар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, дустиву рафоқату якдигарфаҳмӣ падидор аст ва ин хизматҳои арзандаи роҳнамои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон дар назди таьрих ва миллат беназиру бузург аст. Номи ин абармарди миллатамон дар таьрихи тоҷикон абадуддаҳр боқӣ хоҳад монд!
Пулотова М. Г

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *