Изҳорот оид ба бозиҳои пуштипардагии ТТЭ ҲНИ

ТТЭ ҲНИ ва ҳампаймонони он тасаллути комили авомуннос ва фарҳангиёнро меҳвари кор қарор дода, дар ин замина даҳ соли охир амалиёти густурдаи идеологї бурда истодаанд. Суйистифода аз манобеи исломӣ – қуръон, ҳадису суннат ва дар айни замон ба торҳои нозуки эҳсоси мазҳабии мардуми содда ва зудбовар нохун задан стратегия ва тактикаҳои ТТЭ ҲНИ буда ва имрӯз ҳам аз ин политтехнология васеъ истифода мебаранд.
ТТЭ ҲНИ дар таҳту шуур ба қудрат ва салтанати беҳудуди исломӣ ҳавасманд аст ва ин “ҳавас” – ро то охири умр думбол мекунад.
Дар қолаби бозиҳои пуштипардагии қудратҳо барномаи ба истилоҳ ТТЭ ҲНИ ҷо гирифтааст ва аз он ҳамеша истифода мешавад. Террористи хондани ҲНИ барои иддае аз кишварҳо ва давлатҳо ба манфиати корашон ав стратегияашон нест, бинобар ин аз қабули он худро дур кашидани мешаванд. Барои террористи наҳзати миллату халқият бегона аст, танҳо аз иделаи худ, ки бар пояи ҷаҳли мураккаби асримиёнаги устувор шудааст меандешад ва мекӯшад. Муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе кишварҳои аврупои, масалан Олмон ва Лаҳистон бо терроризми исломӣ ба он натиҷа расид, ки дар Аврупо амалҳои террористии исломӣ тез тез сурат мегиранд ва домани худро густардатар мекунанд.
Дар маҷмӯъ стратегияи асосии наҳзати – касби қудрат ва барпо доштани салтанати исломӣ дар Тоҷикистон буда, тавассути раванди тактикӣ – дарёфти маблағ, тавсеа додани нуфуз, сохтани тавтеа ва дасисаҳо ва парокандани онҳо, иғвогарии матбуоти ва интернети, ноҷӯр сохтани авзоъ дар минтақа аҳдофи стратегиашро роҳандози менамояд.

 

дотсентони кафедраи математикаи олӣ ва

технологияҳои инноватсионӣ Абдуллоев Ғ. Ва Шарипов А.К.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *