БОЗИҲОИ НАВБАТИИ ТТЭ ҲНИ ДАР АВРУПО

Намояндагон ва роҳбарони ТТЭ ҲНИ ҳоло дар давлатҳои Аврупо мавқеи худро дарёфт намуда, кўшиш менамоянд, ки бо роҳҳои гуногун обрўи аз даст рафтаи худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор созанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки давлатхои Аврупо, аз чумла Ҷумхурии Федеративии Олмон, Фаронса новобаста аз миллат, наҷот, дин ва нигоҳи сиёсӣ, ба нафароне, ки аз онҳо панох металабанд аксарият вақт паноҳи сиёсиву иҷтимои худро дареғ намедоранд. Ҳоло фоизи чунин нафарон дар давлатхои Аврупо хеле афзуда, яке аз проблемаҳои мухими стратегӣ ва ичтимоии ин давлатҳо ба шумор меравад. Сабаби авҷи баланд шудани теъдоди нафарони хоҳишманди дар Аврупо маскун мегардида гуногунанд:
– ҷангхои пайдар ҳам дар давлатхои Аврупои Шаркӣ дар тўли солҳои 90-ум;
– ҷангхои пайдар ҳам дар давлатҳои Африкои Шимолӣ ва Осиё ва Осиёи Наздик мисоли Афғонистон, Ливия, Миср, Сурия ва ғайра;
– қўшиши паноҳи сиёсӣ ёфтани гурухҳони мухлолифин( опозиционнӣ) аслан аз давлатхои рў ба тараққӣ;
– дарачаи нисбатан баланди ёрдами ичтимои: маблагхи ёрдами, чои зист ва таъмин аз чои кор;
– хоҳишмандони зиёд бо наздик шинос шудан аз таври ҳаёти «пешрафта»-и дунёи ғарб ва ғайраву ғайрахо.
Бо назардотшти ин ҳолат, таҳлилҳо собит менамояд, ки баъд аз воқеаҳои руйдодаи тобистон ва тирамохи соли 2015, муҳоҷирон – аъзоёни ТТЭ ҲНИ теъдоди мавҷи паноҳбарандагони сиёсӣ дар кишварҳои Аврупо афзоид. Муддати чанд солҳои охир, роҳбарони ин хизб, ба мисоли М.Кабирӣ дар кишвархои Аврупо умр ба сар мебаранд. Новобаста аз манъ гаштани фаъолияти ҲНИ тарафдорони он вокунишҳои худро махсусан дар шабакаи Интернет ба паҳн карда истодаанд Ба назар чунин мерасад, ки муҳочирони сиёсӣ намехоҳанд дасти муборизаро фуру диҳанд ва баръакс талоши онро доранд, ки мавқеи аз даст рафтаи худро дар Тоҷикистон то ҳадди имкон барқарор созанд. Барои ҳамин онҳо намуди зиёди хабару, ҳодисаҳоро рангу бори сиёсӣ дода, онро ба манфиъати худ истифода мебаранд.
Мо имрўз шоҳиди он гардида истодаем, ки мухоҷирони сиёсӣ худро ба мисоли «арбоб» гирифта, барои ба даст овардани мақсадҳои худ «бо ҳар боб..» саъю талош мекунанд. Инчунин мухоҷирони сиёсӣ, ки бештарашон аъзоёни ҲНИ мебошанд, худро ҷузъи комили ҷамъияти пешрафтаи инсони дониста, бо ҳар гуна роҳҳо амалҳои худро иҷро менамоянд.
Воқеан, ТТЭ ҲНИ дар ибтидои фаъолияташ ҳамчун як ячейкаи дини ба миёон омада, баъд аз он рангу бори сиёсиро гирифт ва хост бо роҳи сиёсӣ ба сари мардуми тоҷик динеро, ки ин миллати мусулмон зиёда аз ҳазор сол пайравӣ мекунад, аз нав омўзаду онро ҳамчун як ричаги сиёсӣ барои ба даст овардани ҳукумати сиёсӣ истифода барад ва бо рафти фаъолияташ сазовори хадафаш шуда натавонист.Оқибат фаъолияти паси пардагии ТТЭ ҲНИ ба ҳамагон анику фахмо шуд ва ҳоҳад монд.
Хулоса бо назардошти масълаи мазкур ҷиҳати мубориза бурдан бо радикализм, зуҳуроти бемайлони ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, имрўз бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд. Вазифаи ҳар аъзои ҷамъият аз он иборат аст, ки барои рушди иқтисодии ва пешравиҳо боз ҳам кӯшишу ғайрат намоем.

 

н.и.и., дотсент Бобоев Ғ.

кафедраи назарияи иқтисоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *