¶ 1
Leave a comment on paragraph 1 0
Гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву руйдоди нав дар кишвар ва хориҷии дуру наздик нишон медиҳад, ки Ташкилоти террористӣ экстримистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ба таври комил дастпарвардаву дастнишондодаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури милли мардуми Тоҷикистон, барњам задани Истиқлолияти сиесӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабиву ғайримилли намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик мебошад.
Боздошти ин шахсиятҳо ва собиқадорони аршади ин ҳизби миллаткуш ин калому даъвои моро собит месозад, ки ин афрод дар макотиби мазҳабии хориҷӣ таълимоти динию низоми ва диверсионӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиќ, суханварию гӯлзании мардум, тирпарронию куштор, тарконидану сӯзонидан ва дар умум тамоми аносири террору қатл ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориљӣ корњо амалӣ намудаанд.
Ба майдонҳои алоҳида кашонидани мардум аз саҳроҳои кору меҳнат ба саҳнаҳои ҷангу куштор таблиғ намудани аҳолӣ, рушди афкори мазҳабию таблиғи ақоиди шиаи исноашара, маблағгузорӣ намудан ба саркардагону размандагони мухолифин, таъмини силоњ, лавозимоти ҷангӣ ва тамрини ҷавонон дар кишвари хориҷ мањз аз ҷониби ин кишвари бо ном “Дӯст” анҷом дода шудааст.
Хориҷиён барои таълиму тарбияи низомию динӣ ва идеологии њар як аъзои ТТЭ ҲНИ, ки аз Тоҷикистон ва ё аз кишварҳои дигар ба кишвари “Дӯст” сафарбар мешаванд, хароҷоти зиёди молиявӣ намуда, аз макони истиќомат, то хурдану пӯшидану лавозимоти таълиму тамриноти низомии онҳоро таъмин намуда, илова бар ин барои ҳар як узви дастаҳои террористию низомии худ аз ҳисоби духтарони ҳарамсароҳои маблағгузоронашон ҳамсар низ ихтисос медиҳанд. Ҳадафи аслӣ аз ин ҳама хароҷот танҳо тарбият намудани афроди фармонбардору ғуломсифате мебошад, ки онњо арзиши муқаддасоти худро дар ризоияти хоҷагони охундияшон бидонанд ва хостаҳои онҳоро амалӣ намоянд.
Аслан сиғазодаҳои наҳзатӣ дар ин аҳдофу стратегияи худ борҳо муваффақ низ шудаанд. Аз ҷумла, дар солҳои 90 – и қарни гузашта дар сарзамини Тоҷикистон афроди мушаххасеро тарбият намуда, маблағгузорӣ кардаанд ва кишвари Тоҷикистонро хостанд ба вартаи нести кашанд. Шахсиятҳои миллӣ ва донишмандони фарҳехтаи кишварро ба қатл расониданд, авзои дохили кишварро ҳассосу ваҳим намуданд ва як миллати воҳиду як давлати якпорчаро ба маҳалҳову гурӯҳову ҳизбу ҳаракатҳо қисмат намуданд. Ғуломзодагони наҳзати ба амри хоҷагонашон амал намуда, барои ризоияти мавлоҳои хеш бо хуни ҳаммиллиатони худ таҳорат намуданд.
Аслан барои давлатҳои ба ном “Дӯст” чи зарурат аст, ки дар кишвари дигар ин амалҳои нангину шармоварро роҳандозӣ намоянд? Баъд аз расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар, ҳарчанд дасти дарози баъзе кишварҳои хориҷӣ дар муборизаҳо ва қатлу кушторҳои кишвар равшан буд, вале давлати Тоҷикистон муносибатҳои худро бо он давлатҳо ба сатҳи шарикии стратеги расонида гузаштаро чун савҳаи сиёҳи таърих фаромуш намуд. Мутаасифона, зумрае аз кишварҳои ғарб ба мисли ҷумҳурии Лаҳистон ва Олмон солҳои охир ҷонибдори амалҳои зишти аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ҳампаймонҳои онҳо гаштаанд ва бо роҳи озодии суханронию амалҳои онҳо шарик гаштаанд.
Таҳлили мантиқии ин муносибатҳо нишон медиҳад, ки ин амалкарди беруна аҳдофи стратегӣ дошта, ҳадафҳои бузургтаре дар пай доранд. Ташвиқу тарғиботи аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ҳампаймонони он тавассути шабакаҳои интернетӣ проблемаи асосест, ки бо дастгирии давлатҳои ғарб ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардуруғи динию дуняви ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои терросристӣ сафарбар менамоянд ва ба ҷомеаи имруза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд ва аз ҷавонон даъват ба амал меоварад, ки ба амалҳои сиёсии зидди кишвар омода бошанд.
Бо назрдошти масоили матрањшуда, имрўз бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд. Вазифаи ҳар аъзои ҷамъият аз он иборат аст, ки барои рушди иқтисодии ва пешравиҳо боз ҳам кӯшишу ғайрат намоем.
¶ 2
Leave a comment on paragraph 2 0
дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва
технологияҳои инноватсионӣ Абдуллоев Ғ.