Изҳорот дар бораи гуруҳҳои террористӣ, ки боиси марги сайёҳон гардиданд

Тоҷикистони азизи мо дар давоми соҳибистиқлолии худ, ки баъди чанд соле мо 30-солагии онро таҷлил менамоем, дар ҳама соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гашта истодааст. Мо аз он шодем, ки дар кишвари озоду обод зиндагӣ дорем ва бояд шукрона аз он кунем, ки мисли кишварҳои Шарқи наздик Тоҷикистон аз гирдоби ҷангу ҷидолҳо наафтода, бо қадамҳои устувор ба пеш равон аст. Ҷаҳон имрӯз шоҳиди рӯйдодҳои бениҳоят даҳшатангез гашта истодааст, ки терроризму экстремизм аз ҷумлаи ин падидаҳои номатлуб мебошанд, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири ногувори худро мерасонанд.  Солҳои охир аз  байни ҷавонони гумроҳгаштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи артиши ба ном давлати исломии Ироқ ва Ливанте нафарони бисёр ҳатто бо оилаҳояшон шомил шудаанд. Онҳо ба ваъдаҳои дурӯғи хоҷаҳои хориҷӣ бовар карда ба Суриё ва Ироқ барои барпо сохтани давлати исломӣ рафтанд, вале вақте, ки ба онҷо расиданд, пушаймон шуданд. Зеро дар ин давлати ба ном исломӣ на ислом буду на рукнҳои он. Ҷанговарони давлати ба ном исломӣ бо тероризм, ғоратгарӣ, одамфурӯшӣ, ғорагарӣ ва занҷаллодӣ машғул буданд, ки бо дини мубини Ислом ягон алоқамандӣ надошт. Барқе аз нафарони гумроҳгашта тавонистанд, ки бо азобу машақат бо пушаймонӣ ба ватан баргарданд ва ватан онҳоро бахшид ва ба зери боли худ гирифт.

 Ҳодисае, ки дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара рух дод ва бар асари ҳамла  сайёҳон куштаву захмдор гардиданд, моро сахт нигарон кард. Охир сайёҳони хориҷӣ чӣ гуноҳ доранд, чаро дар муқобили онҳо чунин амали ваҳшиёна сурат гирифт. Ин кори зиштро ДИИШ ва баъзе аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ иҷро карда, бори дигар мехостанд даҳшатафканию тарсу ҳаросро дар дили мардум ҷой кунанд. Аммо, онҳо ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои нопоки худ намерасанд ва мардуми сарбаланди тоҷик шадидан ин амалҳои ифротию террористиро маҳкум менамоянд.

Мо зиёиён ба шаҳрвандон ва махсусан ба ҷавонони миллат муроҷиат карда мегуем, ки ҳар гиз ба зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба ташфиқоту тарғиботҳои ҳар гуна ҳизбҳо ва ҳаракатҳои терористӣ, реаксионӣ дода нашаванд ва ҷони худ ва наздиконро дар хатар нагузоранд.

Мо бояд шукронаи Ватани озоду ободи худ намуда, ҳама якдилу якҷон барои фардои дурахшони кишвар заҳмат кашем. Рисолати ҳар як шахси ватандӯст саҳми арзанда гузоштан дар пешрафти Тоҷикистони соҳисбистиқлол мебошад. Зинда бод ваҳдату ягонагӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз!

 Абдурашидова М.А.,
мутахассис оид ба лоиҳаҳои
инноватсионии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *