Фаъолияти пасипардагии ТЭТ ҲНИ ошкор шуд!

Бо иштироки беш аз 200 нафар аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам» намоиш дода шуд. Баъди тамоши ин филм ба хулосае омадам, ки имрӯз ҳар як шахси ватандӯсту худогоҳ бояд пеш аз ҳама ба қадри сулҳу ваҳдат ва ободию осудагии Ватан расад. Филме, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизиони Тоҷикистон бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам» намоиш дода шуд, бори дигар аз амалҳои бадхоҳон ва ниятҳои нопоки душманони миллат ыисса мекунад.

Аёмиддин Сатторов, маъруф ба Мулло Аёмиддин ва Мавлавӣ Аёмиддин, яке аз асосгузорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИ) дар видеои нимсоатае, ки бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” нашр шуд, ҳамҳизбони собиқашро дар тамоми мушкилоти солҳои истиқлоли Тоҷикистон айбдор карда, таъкид менамояд, ки наҳзат дар оғоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ даст ба корҳои ғайриқонунӣ мезад. Мо аз фаъолияти пасипардагии ТЭТ ҲНИ огоҳ гашта, муқобили душманони миллат ва бадхоҳон садо баланд карда, ҳеҷ гоҳ ба иғвову дасисаи онҳо дода намешавем.

Аёмиддин Сатторов дар ин филм раиси ҲНИ Муҳиддин Кабириро айбдор мекунад, ки ӯ одами мазҳабӣ нест, балки аз аҳли тиҷорат буда, аз парчами Ислом барои пешбурди манфиатҳои тиҷоратиаш истифода бурда, молу мулк ва сарвати зиёд ҷамъ оварда, ҲНИ-ро ба як ҳизби шиъагаро табдил дод.

Як решаи дигари хиёнаткориҳои роҳбарияти ин ҳизб дар он аст, ки онҳо ҷавонони роҳгумзадаи тоҷикро барои таҳсил ба таълимгоҳҳои кишварҳои исломии хориҷа мефиристанд ва аксарияти онҳо қурбонии чунин ташкилотҳои террористии гардидаанд. Имрўз ҷавонон бояд ба пуррагӣ дарк намоянд, ки корҳои ношоистаи ТЭТ ҲНИ, ки ба воситаи яке аз муассисони собиқадори ин ниҳоди ғайриинсонӣ Сатторов Айёмидин  рўшан гардид, ояндаи Тоҷикистон ва халқу миллати маърифатпарвари он бо чунин рафторҳо зери суол қарор мегирад. Аз ин чиҳат мо чунин барномаҳои пинҳоии хоинони ватанро, ки ҳастии халқу миллатро бо як пули сиёҳ мефурўшанд, шадидан маҳкум менамоем.

Аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ баъди тамошои ин филм бори дигар ба амалҳои пасипардагӣ ва террористии ТЭТ ҲНИ огоҳ шуданд ва ҳама дарк карданд, ки ободию ороми Ватан дастоварди муқаддастарин барои ҳар як сокини кишвар мебошад.

Дилшода Ҷонназарова,
муовини директор оид ба
тарбия ва рушди ҷавонони донишкада

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *