«…Мо ҳаргиз мӯҳтоҷи ҷаҳонбиниву мазҳаби бегона нестем
ва кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро
қотеъона маҳкум мекунем».
Истиқлолият бузургтарин неъматест, ки баъди интизориҳову ноумедиҳо барои миллати шарифи мо муяссар гардидааст. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ мамлакати мо пешрафт кунад.
Мутобиқи моддаҳои 8 ва 30 Конститутсия муқаррар гардидааст, ки дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои ба зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гуруҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Аммо баъди пойдор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистон боз хоинон ва хоҷагони ҳизби наҳзати ислом пайдо шуданд, ки Тоҷикистон даврони истиқлолият дар оғӯши худ парваридааст. Лозим ба ёдоварист, ки Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар ҷумҳурии мо дар давраи соҳибистиқлолӣ ташкил карда шуда буд. Лекин аз ҷониби ҳизби мазкур нисбати давлати сохибихтиёрии мо халалдорӣ пайдо намуда, солҳои охир аъзои он ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд. Мақсади фаъолият намудани ҳизби мазкур муайян гардид, ки даъватҳои оммавӣ ва барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, халалдор сохтани сиёсати ҷамъиятӣ ва амнияти давлат мебошад. Бо ин амалҳои худ мехостанд барои сарнагун сохтани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш карда онро халалдор созанд.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи зиёиёни кишварро вазифадор кардаанд, ки дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ва ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, пайравӣ ба ақидаву фарҳанги бегона, ғайриқонунӣ фиристодани фарзандон ба муассисаҳои бо ном таълимии динӣ, ки ба амнияти давлату миллат хатар мерасонанд, корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботиро ба роҳ монанд.
Ҷавонони замони муосир худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастиро хуб дарк карда қавиирода мебошанд. Дар ин замина ҷавонони мамлакатро мебояд дар шароити бисёр мураккабу печидаи замони муосир аз шомилшавӣ баҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун худдорӣ намуда, бо шукргузорӣ аз миллату давлат, пойдор будани сулҳу субот, сохти конститутсионӣ ва давлати демократӣ будани ҷумҳуриамон, аз шароити фароҳам оварда гирифтани илму донишро пеша карда, барои пешрафти халқу миллатамон талош варзанд.
Бинобар гуфтаҳои боло қайд кардан ба маврид аст, ки мардум ниёз ба ҲНИТ надорад. Ба мо маълум гардид, ки ҲНИТ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои худ ба ҳама кор қодир аст.
Аҳли ҷомеаи кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ