Сабабҳои пайдоиши афкори ифротгароӣ дар байни ҷавонон чист?    

 Ҷомеаи имрӯза бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризм мебошад. Албатта, онҳое ки мегӯянд терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст беасос нест. Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд.  Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарс мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид. Дар  охири асри XIX ва XX амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ ба худ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ мегардад. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Худи истилоҳи «Терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr», маънояш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро баҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст

      Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рӯи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад. Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷвақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст. Ногуфта намонад, ки шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.

Экстремизм дар байни ҷавонон – назар ва навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. Ӯ адоват ба гуногунандешӣ (махсус нисбат ба ҳаракатҳои муайяни ҷавонон), инчунин хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд. Экстремизми ахлоқӣ бошад таҳаммулнопазирии шадид ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафторӣ, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботҳои маънавӣ, накукорӣ ва аҳкоми динӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либосҳои бегона, риоя накардани қоидаҳои шарафи динӣ ва дунявӣ ва ғайра мебошад.

Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст. Ин сабабҳоро чунин метавон дарҷ кард: сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ;  моддӣ;  идеологӣ; хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;   пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав; ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ; коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ; хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ; поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ; дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ; надонистани маданият ва фарҳанги куҳани тоҷик; фаъолияти динии намояндагони хориҷӣ ва ғайраҳо. Албатта барои бартараф намудани ин мушкилотҳо, ногуфта намонад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ РањРаҳмон  дар Паёми худ таъкидҳои зиёде намудаанд, ки «ҷавонон ояндаи миллатанд».  Барои пешгирии ин проблема бояд  омӯзгорон сараввал донишҷӯёнро бо маҳфилҳои гуногун ҷалб намоем, то ки ба корҳои беҳуда машғул набошанд. Албата ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад. Амалиётҳои сиёсии экстремизм дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ оғоз шуда ва дар шаклҳои хавфноки иҷтимоӣ чун шӯриш, фаъолияти исёнгарона ва терроризм хотима меёбад. Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаёти муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ ва минтақавӣ мебошад.

Кафедраи математикаи олӣ ва

технологияҳои инноватсионӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *