Интихобот ва афкори бадхоҳони миллат!

 

Ҷумҳурии азизамон  Тоҷикистон  таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб  гардида,  яке аз давлатҳои пешрафта, орому осуда ва бехатар ба амнияти сокинон маҳсубёфта, имрӯз дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ ва эътибори баландро касб намудааст.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол санаи 11 октябри соли 2020 интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар шаҳрванди кишвар бо хотири рушду ободонии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда, фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятро тақозо мекунад.

Ҷои таассуф аст, ки дар ҷамъиятҳои осоишта  шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое  низ ҳастанд, ки кӯшиши мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Масалан гуруҳҳои Паймони миллӣ ва Анҷумани озодандешон аз қабили чунин ниҳоди диниву мазҳабии тундрав, нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд  овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам дар бораи тира кардани фазои оромии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.

Бо ин роҳи найрангу фиреби навбатиашон кӯшиш доранд, ки бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ, хусусан, намояндагони табақаи зиёиро ба ин созмон ҷалб созанд. Бо баробари ин инчунин созмонҳои ифротӣ, аз қабили       «Гурӯҳи 24», «Анҷумани озодандешони тоҷик» шомил созанд. Торҳои ин ташкилот дар бисёр минтақаҳои ҷангзада ва дигар кишварҳои пешрафта, бахусус дар Аврупо паҳну парешонанд.

Роҳбари ташкилоти террристиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ доир ба маръакаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи президентии Тоҷикистон як нигоҳи каҷ ва берун аз воқеиятро иброз кард. Ҳеҷ як террорист ва тафриқаандоз ҳаққу ҳуқуқи мудохила намудан, хосатан дахолати лафзиро ба ҳаёти мардуму кишвар надорад.

Агар Муҳиддин Кабирӣ назари шахсии худро медошт, мо ба ӯ ҷавоби хос медодем, ки гӯё интихобот “поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва як ҷомеаи гуногунандеш аст.” Кабириву ҳизбаш чӣ арзише доштанду доранд, ки боз ба интихоботи Тоҷикистон дахолат намудаву “баёнияи таҳрими интихобот” медодаанд. Ин сухан на ба ақл рост меояд, на бо дарбеҳ кардан соҳиби мантиқ мешавад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки роҳбарият ва ҳайати ҳизби терристиву экстремистии наҳзати исломӣ мехоҳанд, ки ба мафкураи ҳамватанон, махсусан ҷавонон бо бозиҳои ноадолатона ва риёкорона таъсири манфӣ расонида бо мақсаду мароми нопокашон, ки куштор, таҷовуз, дуздӣ ва ба хоку хун дигарбора оғушта намудани Тоҷикистон ва мардуми он аст, пиёда сохта бошанд. Ин аст, ки ба ҳаёти сиёсии мардум дахолат мекунанд ва ҳақиқатро дурӯғ ва дурӯғро ҳақиқат нишон додан мехоҳанд!..

Хулоса, имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткор,  ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон мебаранд.

Маннонова Р,

Файзиева Д.,

муаллимони кафедраи

забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *