Ҷавонон бояд пайравони асили Пешвои муаззами миллат бошанд!

Дар арафаи таҷлили ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон РаисиКумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф овард. Нахуст дар даромадгоҳи донишкада Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ аз дастовардҳои ҷавонони донишкада дидан намуда, ба комёбиҳои илмии олимони ҷавон ва варзишгарони донишкада баҳои баланд дод.

Баъдан дар толори донишкада мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода  Абдулло Қурбоналӣ бо устодону донишҷӯёни фаъоли ДИС ДДТТ баргузор гардид. Чорабиниро Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба ҷавонон беназир мебошад. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҷавонон бояд, пайравони асили Пешвои муаззами миллат бошанд ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода  Абдулло Қурбоналӣ перомуни нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, хизматҳои тақдирсоз ва содиқона дар назди халқу Ватан баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ, эҳтирому гиромидошти арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлат, зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, инчунин ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ибрози андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату халқи худ омода бошанд.

Дар охир мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада Муродҷон Неъматов баромад карда, иброз дошт, ки ҷавонони донишкада ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талоши созанда намуда, барои ободию шукуфоии кишвар ва ҳифзи ормонҳои олии ватандорӣ ҳамеша омодаанд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *