Фасли якум: Масъулияти ояндаи кишвари парокандаро ба дӯши хеш гирифтан-чун ойини ҷавонмардӣ!
Фасли дуюм: Эътибор додан ва кӯшиши амалӣ намудани арзишҳои давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона-чун ойини дурандешона!
Фасли сеюм: Арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, таърих, забон, расму ойин ва мероси адабии гузаштагон-чун ойини хирадмандона!
Фасли чорум: Нақши бориз доштан дар ба даст омадани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвари азиз Тоҷикистон-чун ойини оқилона!
Фасли панҷум: Дасти сахо доштан дар роҳи инсондӯстӣ ва раиятпарварӣ, ятимпарвар-чун ойини саховатмандӣ!
Фасли шашум: Муҳаббат ба Ватан-Модар ва иқдомҳои шоиста ба нафъи миллату давлат дар роҳи тараққиёти ҳама соҳаҳо дар мамлакат-чун ойини меҳанпарварӣ!
Фасли ҳафтум: Мубориза алайҳи ҷинояту ҷинояткорӣ -чун ойини равшанзамирӣ!
Фасли ҳаштум: Эътибор ба ободии ҳар як гӯшаи Ватани азиз Тоҷикистон -чун ойини меҳнатдӯстӣ!
Фасли нуҳум: Хайрхоҳи Халқ будан ва дар такя бо мардум иқдомҳои бузургро пеша кардан-чун ойини давлатдорӣ!
Фасли даҳум: Ватани азизро чун кишвари дорои иқдомҳои Ҷаҳонӣ муаррифӣ кардан-чун ойини ҷаҳондонӣ!
Бо ин фаслҳо метавон гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда ва шоистаи ифтихори миллати тоҷик ва халқи Тоҷикистон буданду ҳастанд. Ояндаи кишварро мо бо Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон дидан мехоҳем! Тоҷикистон ба пеш!
Беҳрӯз Некхоҳ