Пас аз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ норасогии нерӯи барқ ва мушкилоти бо он вобаста буда дар Тоҷикистон оғоз гардид. Таърихи бистуҳаштсолаи кишварамон шоҳиди пур аз тазоду мушкилот, бурду бохт ва пастиву баландиҳо буд. Ҷоизи қайд, аст ки дар давраҳои пеш ин мушкилот аз ҳисоби кишварҳои ҳамсоя ҳалли худро меёфтанд. Дар мавсими баҳору тобистон Тоҷикистон неруи барзиёди барқии худро ба ҳамсояҳо дода, дар мавсими тирамоҳу зимистон, ки талабот ҳаҷман зиёд мегардид, аз онхо барқ мегирифт. Ногуфта намонад, ки айни замон, баъди 28-соли соҳибистиклолияти Тоҷикистон ҳанӯз мушкилоти энергетикӣ дар Ватанамон ҳалталаб боқӣ мондааст. Сохтан ва ба истифода додани дуввум агрегати НБО-и Рогун ҷумҳуриамонро аз бӯҳрони энергетикӣ бароварда, имкон медиҳад, ки як қисми неруӯ барқи истеҳсолшуда ҳам барои ҳамватанамон ва ҳам бо мақсади фурӯш ба роҳ монда мешавад. Аз ин лиҳоз, НБО-и Рогун натанҳо равшангарии рӯзгор буда, балки ояндаи дурахшони сарзамини мо хоҳад буд.
Бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо, бо шарофати дастгирии самимонаи Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу заҳмати мардуми ватандӯсту қавииродаи кишварамон рушди бомарому устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамонро таъмин намудем. Имрӯзу фардои дурахшони тоҷикистониён аз бунёди НБО-и Роғун вобаста буда, азими нур ва боиси тараққиёти Тоҷикистон мегардад. Бо гуфти Пешвои миллат ояндаи наздик ҳар як сокини мамлакат аз самараи заҳмати баҳравар хоҳад гашт, зеро хонаҳои ҳамватанони мо бо нуре таъмин мегардад, ки бо заҳмати бунёдкорона дар ҳамин нерӯгоҳ истеҳсол хоҳад шуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани иқтидорҳо ва инфрасохтори энергетикӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 30 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Раҳматова З.И.,
н.и.и., муаллимаи калони
кафедраи молия ва қарз