Чанд рӯзе қабл Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки бархилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида, ҷониби Қирғизистон соати 18:45-и санаи 16-уми сентябри соли 2019 дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Овчи- Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карданд. Сокинони маҳаллаи Баҳор ба ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони ҶҚ вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват намуданд, ки корҳои сохтмониро қатъ намоянд.
Ҷониби қирғиз бошад хилофи созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, амал намуда, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар карданд. Сипас, онҳо ба иғвогарӣ даст зада, соати 19:00 ба самти сокинони бесилоҳи маҳаллаи Баҳор тир кушоданд, ки дар натиҷа якчанд нафар шаҳрвандони ҶТ маҷруҳ шуданд.
Ин амали муғризонаи сарҳадбонони ҶҚ нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад. Айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият, корҳои фаҳмондадеҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд.
Сокинони Осиёи Миёна аз қадимулайём байни ҳам бо дўстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекарданд. Дар сари як дастархон нишаста нону оши ҳамдигарро мечашиданд. Дар тўйҳои ҳамдигар иштирок мекарданд, дар таъзияҳо ғамшарики якдигар буданд. Аммо имрўзҳо фитнагариву иғвоангезӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ба назар мерасад. Баъди ҳодисаҳои нангини Ворух дар ҷамоати Овчи Қалъача низ муноқиша бо сокинони Қирғизистон ба амал омад.
Аввал сокинони Қирғизистон тирпаррониро оғоз намуданд. Ин тир ҳамоно рахнае барои дўстии чандинасраи сокинони ин минтақа аст. Ҳастанд ва ҷой доранд қувваҳое, ки дўстии байни Тоҷикистону Қирғизистонро намехоҳанд. Дўстии сокинони маҳаллиро намехоҳанд, онҳо инсонҳои шайтонсирати аҳриманниҳоданд, ки шукуфтани гулҳои дўстӣ ва чидани самари муродро намехоҳанд.
Шоир чӣ хуб фармудааст:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.