ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОНИ ДИС ДДТТ НИСБАТИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ-ТТЭ ҲНИ

 

Имрӯз мо ҷавонон бо чашми кушодаву ақли расо тамоми пешравиҳо ва дастовардҳои Тоҷикистони азизу маҳбуби хешро дида истодаем. Аммо, пешравию комёбиҳои беназири Ватани азизамонро, тӯдае аз фаъолони фирории ташкилоти террористии собиқ ҲНИ, ки аз азал нияту маромҳои нопок доштанд, нодида мегиранд. Роҳбарият ва аъзоёни собиқ ҲНИ, аз қабили М.Кабирӣ ва М.Садриддин тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо суханрониҳои  бесаводона ва хиёнаткоронаи худ бори дигар нишон дода истодаанд, ки онҳо ба ҷуз аз тӯҳмату бӯҳтон дигар ҳеҷ коре надоранд. Наҳзатиҳо имрӯз берун аз Ватан ва дар орзуи ҷоҳу ҷалол аз вайронкориҳои худ ва ҳаммаслакон ёд кардаву аз мардумозориву мардумро овораю саргардон карданҳо ёд кардан орзуи ҳамешагии  шумост ва бидонед, ки дигар ба мақсад нахоҳед расид.

Фирориёни собиқ аъзоён ва роҳбарияти ҲНИ, аз ҷумла, М.Кабирӣ, М.Садриддин ва дигар ҳаммаслаконаш бояд донанд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанро, ки аз меваҳои шаҳдбори сулҳу субот ва истиқлолу Ваҳдати миллӣ чашидаанд, дигар гумроҳ наметавон кард. Мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумати он аз мақсадҳои ҲНИ- мардуми худпарасту мардумбезор ва ғаддору вайронкор хуб огаҳӣ доранд ва нахоҳанд гузошт, ки ба мақсад расед ва як тори мӯи мардуми Ватанро биканед.

Миллати тоҷик, ки тӯли қарнҳо арзи ҳасти намудааст, имрӯз низ мақому манзалати хешро дар байни дигар давлатҳо дар арсаҳои баландпояи ҷаҳони муаррифӣ менамояд ва Тоҷикистон чун ба маънои томи худ тоҷдор бо халқу мардуми куҳантамаддунаш бо пояҳои устувору мустаҳкам ҷовидона боқӣ мемонад. Мо ҷавонон пайравони асил ва номбардори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем, ҳастем ва хоҳем монд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *