ТЕРРОРИЗМ – МАЗҲАБУ МИЛЛАТ НАДОРАД

Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ муддати тулонӣ дар Тоҷикистон амал кард. Мақсади асосии ин ҳизб ба сари ҳокимият омадан буд.

Баъди оғози муқоишаҳо симои ҳақиқии онҳо муайян гардид, чеҳраи аслии онҳо кушода шуд ва мардум аз асли воқеаъ огоҳ шуданд.

Ба ақидаи онҳо (ҲНИТ), ҳар нафаре, ки худро пайрави дини ислом меҳисобад, озодона метавонад арзишҳои эътиқодиашро пурра дар байни мардум татбиқ намояд ва зидди кофирон мубориза барад.

Созмонҳои тундгаро, ифродгаро ва иғвоангези «Гуруҳи 24», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ваҳобия», «Салафия» ва амсоли онҳо, бо тамоми қувва ба сари мардум борони туҳмату буҳтон мерехтанд.

Сураҳои дар Қуръони шариф овардашуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дин сарҷамъӣ ва иттиҳодии мардумро дар назар дорад, на ин, ки зарар овардан ба якдигар, ба куштор даст задан, мардумро фиреб додан ва ба роҳи бад рафтан.

Истилоҳи терроризм аз ду қисмат аз калимаи лотинӣ «terror» террор –тарс, ваҳшоният» ва пасванди «изм» иборат буда, маънояш тарсонидан ва ба таълуқа андохтани аҳли ҷомеъа дар шакли зурии ҷисмонӣ ва несту нобуд кардани онҳо истифода мешавад.

Террористон шомили гурӯҳҳои ҷиноятпешае мебошанд, ки барои содир кардани ҷиноятҳои муташаккил зарари моддиву маънавӣ расонидан ба давлат ва расидан ба мақсадҳои нопоки худ кушиш менамоянд.

Аз расонаҳои иттилотӣ хабар паҳн шуд, ки ба қариби дар шаҳри Кобули давлати исломии Авғонистон террористон мошини ёрии таъҷилиро бо маводи тарканда муҷаҳҳаз намуда, онро дар назди бинои сафоратхонаи Ҳиндустон таркониданд. Дар натиҷаи ин террор қариб 100 нафар кушта шуд, зиёда аз 99 нафар захми шуд, ки ваҳшонияти тамоми мардуми курраи заминро ба ғазаб овард. Маъмулан терроризм зуҳороти манфӣ аст, ки осоиштагии мардумро халалдор месозад.

Терроризм манфиатҳои гурӯҳҳои махсусро таъмин менамояд, ба амалҳои муҳим ва зишти худ ба мақсадҳои нопок мерасонад.

Зимни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз намудаанд, ки ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда мебошанд, даствоардҳои илмию эҷодии худро сари вақт муарифи созанд, ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсии худро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеъа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд.

Аз ин ру, мо ҷавонон такя ба суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомали Раҳмон карда, аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда, барои ободонии кишвари азизамон тамоми саъю кушиши худро равона месозем. Чи тавре, ки Саидои Нафисӣ мегӯяд:

Ҳар ки бо душмани халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад

Х.УМУРОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *