Ин рӯзҳои мушкил низ мегузаранд

Ҳамаи мо хуб огоҳ ҳастем, ки санаи 4 май ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус баргузор гардид, ки дар кори он аъзоёни ситод ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози ҷаласа қайд намуд, ки имрӯз раванди пешгирии хуруҷи бемории коронавирус ва муолиҷаи беморон, ҳифзи саломатии мардум ва тақвияти чораҳои зиддиэпидемикӣ зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таъмини муассисаҳои соҳаи нигаҳдории тандурустӣ бо доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо ва дигар лавозимоти заруриву маводи хӯрока тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.

Раиси вилоят изҳор дошт, ки дар ин рӯзҳои ҳассос ҳар яки мо бояд дар канори мардум бошем ва барои тақвияти корҳои пешгирикунанда чораҳои зарурӣ андешем. Дар баробари ин, дар ҷаласаи ситод вобаста ба масъалаҳои пурзӯр намудани чораҳои безараргардонӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят, тозаву покиза нигоҳ доштани муҳити зист, кучаву хиёбон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, танзими нарху наво дар бозор, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти ниёзи аввал ва дигар масъалаҳо таваҷҷуҳ равона карда шуд.

Паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) дар саросари минтақаҳои дунё ҳамаи моро огоҳ месозад, ки бо дасту дили пок, умед ба ояндаи дурахшон, пирӯз шудан ба ин бемории сироятӣ бо масъулият ва заҳмати дучанд кӯшиш ба харҷ диҳем.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар асоси дастуру хидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҳама минтақаҳои кишвар, Ситоди пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемории мазкур дар ҳайати роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия таъсис ёфтааст, ки пайваста ҳама соҳаҳои хоҷагии халқро таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати пешгирии ин намуди беморӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд.

Дар ин рӯзҳои мушкил а ҳамаи сокинон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки пайваста барои тозагии маҳалли зист, ҳифзи саломатии худ кӯшиш ба харҷ диҳед, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоед. Агар зарурият набошад ба кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ набароед ва дар ҷойҳои серодам, коргоҳ, нақлиёти ҷамъиятӣ, кӯча аз ниқоби муҳофизатӣ хатман истифода намоед.

Аз волидайни муҳтарам даъват ба амал меорем, ки фарзандони худро пайваста назорат намоед, нагузоред беҳуда ба кӯча бароянд ё бо ҳамсолон гаштугузор намоянд. Фарзандони худро ба китобхонӣ ва дигар машғулиятҳои илмию тадқиқотӣ ҳидоят созед.

Бояд дар кӯчаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, бозорҳо, мағозаҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯш ва савдо, умуман ҷойҳои ҷамъиятӣ сокинон кам карда шуда, талаботи санитарӣ – гигиенӣ хатман риоя карда шавад.

Ба хабару овозаҳои беасоси расонаҳои мухталифи шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунед ва барои гирифтан маълумоти дақиқ бештар аз сомонаву расонаҳои давлатӣ истифода баред.

А. Қаюмов, Н. Ҷалолов,

Ҳ. Баҳодуров, устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *