И З Ҳ О Р О ТИ  омӯзгорони кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ оид ба баромадҳои иғвоангезандаҳои Мухиддин Кабирӣ доир ба бемории сироятии короновирус “COVID-19”

          Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо- Тоҷикистони ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гуруҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилотуҳхаракатхои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои ҳалк, аз ҳама мухимаш тинҷу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромӯш месозанд. Масалан Паймони миллӣ- ТТЭ ҲНИ, ки  таҳти роҳбарии М.Кабирӣ имрӯз дар хориҷи кишвар-Аврупо бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ фаъолияти ғаразона дорад. Мо рафтору гуфтори  М.Кабириро маҳкум намуда, иброз медорем, ки бо ин рафтору гапҳои беасосу ношоистааш ҳеҷ гоҳ мардумро ба тарафи худаш нигаронида наметавонад ва нахоҳад шуд. Зеро Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки ҷомеаи меҳнатии ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла донишкадамон имрӯзҳо бо дарки масъулият ҷиҳати пешгирии мубталошавии омӯзгорон ва донишҷӯёну кормандон ба бемории сироятии коронавирус “COVID-19” дар асоси дастури табибон фаъолияти хешро дар самти амалигардонии чорабиниҳои пешгирикунанда корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳои инфиродиро дар байни омӯзгорону кормандон ба роҳ монда шудааст ва рафти иҷрои он зери назорати доимӣ қарор дорад. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки ин беморӣ- вабои аср паси сар хоҳад шуд.

Мо ба ҷавонони даврони соҳибистиқлол тавсия медиҳем, ки чун ҷавонони созанда ва муҳаррики давлат ба ҳаргуна фитнаву овозаҳои М.Кабирӣ бовар накунанд. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеа ҳама муттаҳид шуда, нагузорем, ки М.Кабирӣ имрӯз бо ҳар гуна роҳҳо тинҷиву оромии ватани азизи моро халалдор намояд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *