Демократикунонии амиқу вусъатноки тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ шарти гузаштан ба шакли воқеан мутамаддини сохти давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина нақши омилҳои миллӣ дар рушди ҷомеа афзунтар мешаванд.
Таърихан, ҳар як пажӯҳиши илмӣ фарогири доираи саволҳое мебошад, ки онҳоро метавон доимӣ номид. Дар афкори таҳқиқӣ такрор ба такрор ба ин саволҳо бархӯрд менамоянд, бо такя ба далелҳои нав ва асосҳои назариявӣ кӯшиш мекунанд ба онҳо посух ёбанд, чунки дарки баъзе тарафҳои нисбатан муҳими ҳодисаи омӯхташаванда аз он вобаста аст. Дар робита ба ин, бознигарии мавқеъ ва нақши худогоҳии миллӣ дар ташаккул ва рушди давлат, муайян намудани алоқаи мутақобилаи он бо паҳлуҳои гуногуни тафаккури иҷтимоӣ ва ташреҳи моҳияти аслии он аҳамияти муҳим дорад.
Дар адабиёти давраи советӣ ақидае ба таври васеъ доман паҳн намуда буд, ки миллият дар «шакли холис» вуҷуд надорад, зеро он нақши «ба иштибоҳбарандаи фарзияҳои ифодакунандаи сабабҳои гуногуни норозигиҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва дигар масъалаҳоеро ки моҳияти қавмӣ гирифтаанд» иҷро мекунад. Ба чунин тарзи саволгузорӣ оид ба «мақом»-и миллият розӣ шудан душвор аст.
Мавҷудияти миллият, воқеан ба ҳодисаҳои бунёдии ҳаёти иҷтимоӣ (мисли ҳар падидаи дигари иҷтимоӣ) алоқаманд аст. Аз ин дидгоҳ, новобаста аз сохторҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғайра, ки дар ҷомеа ташаккул ёфтаанд ва ба миллият моҳияти муайяни воқеан таърихӣ мебахшанд, муносибатҳои миллии «холис» вуҷуд надоранд
Аммо ин танҳо як ҷониби таъсироти мутақобила аст. Тарафи дигари масъала он аст, ки миллият дорои мустақилияти нисбӣ ва таъйиноти сифатӣ буда, дар ҳамин асос ба ҳолат ва рушди ҳаёти иҷтимоӣ, хусусан ба талошҳои мардум барои ҳифзи якпорчагӣ ва мустақилияти худ, рушди фарҳанги миллӣ, забон, расму оин, тарзи зист ва ғайра, муаррифии худ ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи маҷмӯи милали ҷаҳон таъсири фаъол мерасонад. Ба ин маънӣ, мафҳуми миллият дар шакли ба худ хос вуҷуд дорад. Ханс-Рудолф Камер хеле бамаврид қайд мекунад: “Онҳое ки қаблан аз байнравии давлати миллиро барои ояндаи тасаввуршаванда пешбинӣ мекарданд, дар пешгӯиҳои худ бештар эҳтиёткор шуда буданд: хабари аз байн рафтани он аз ҳад зиёд муҳобот дошт. Ҳарчанд, коҳиши воқеии муносибатҳои анъанавӣ ва сустшавии маҳдудиятҳои ҳудудӣ, ки яке аз унсурҳои асоситарини давлатдории миллӣ буда, мустақиман бо ҷаҳонишавии иқтисодӣ, фарҳангӣ ва техникӣ алоқаманд аст, мушоҳида мешавад». [2.20]
Аз ин нуқтаи назар, худогоҳии миллӣ аввалан ҳамчун заминаи муҳимтарини азхудкунии шароити зиндагии фардии худ (забон, малакаи корӣ, шуур, меъёрҳои муносибату рафтор ва ғ.), таҷдид ва рушди он дар фаъолиятҳои амалӣ, муттаҳидсозии афрод дар ҷомеаи мустаҳками қавмию иҷтимоӣ ва ташаккули сифатҳои хос зоҳир шуда, баъдан сабабгори қобилияти кории ҷамъияти қавмию иҷтимоӣ ва фаъолияти афроди он дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, таъмини ҳифз, мустаҳкамсозӣ ва рушди якпорчагиву мустақилияти худ гардида, сеюм, худро ҳамчун шакли ифодаи оғози умумиинсонии ҳаёти халқҳо, ягонагии насли инсон нишон медиҳад. Инсоният тавассути шакли миллӣ ягонагии худро дар рангорангии ҳаёти иҷтимоӣ дарк менамояд.
Маъмулан қайд карда мешуд, ки сарвати асосии тамаддуни инсонӣ – рангорангии нодири фарҳангҳои мардумони хурду бузург аст. Вале, дар баробари ин одамонеро ки рушди миллии баъзе халқҳоро ҳеҷ шуморида, ба эҳёи миллӣ даъват мекарданд, ба миллатчигӣ гунаҳкор карданд. Маҳз ба ҳамин хотир, имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки адолати таърихӣ барқарор карда шавад. Тавре ки воқеияти муносибатҳои миллии муосир нишон медиҳанд, ба ҷои ҳамдигарфаҳмӣ даъвоҳои байниҳамдигарӣ ба миён омада, ба ҷои ҳусни тафоҳум зиддиятҳо арзи вуҷуд карданд, ҳарчанд ҳар кадоме ба ҳақ будани худ исрор меварзад. Чунончи, Д. М. Хуморов дуруст мефармояд: «ин раванд комилан қонунист, зеро раванди ташаккули миллат ва худогоҳии миллӣ дар кишвар аз аввали ташкили Иттиҳоди шӯравӣ дар шароити якхела ва баробар сипарӣ нашудааст». (3.65) Муаллиф дар идома менависад: «Комилан маълум аст, ки талошҳои миллатҳои майда ва халқиятҳо барои пайвастан ба мардумони аз ҷиҳати иқтисодӣ нисбатан пешрафта ва аз ҷиҳати аҳолӣ сернуфус, дар аввал ба хотири иқтисодиёт ва баъдан ба аҳдофи сиёсӣ нигаронида шуда аст. Халқҳои майда дар раванди ҳамкориҳои байниҳамдигарӣ худро мешиносанд, моҳияти ҳамкориҳои мавҷударо дарк менамоянд. Ҷойҳои нозукро ёфта, рағбаташон ба масъалаҳои баромади таърихии халқи худ ва пайдоиши он меафзоянд».(3.66) Дар давоми чанд даҳсола ба муносибатҳои байнимиллӣ бештар аз мавқеи догматикӣ баҳо дода мешавад – сода, бе таҳлили амиқи моҳияти ҳаводис ва равандҳо. Бисёр масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб сарфи назар шудаанд, вале асосан рӯи масъалаи интернатсионализм, ки як тарафи асосии ин раванд мебошад, тамаркуз шудааст ва он нисбат ба омилҳои миллӣ афзалият пайдо намудааст.
Бо ҳамин, ба ҳамон қисмати ҳаёти рӯҳонии мардум, ки махсусият ва мустақилияти шаклҳои миллии фарҳангро инъикос менамояд, зарар расонида шудааст. Ба ҷуз ин, «интернатсионалӣ бемиллатӣ нест, балки миллиятро ба сифати заминаи ибтидоӣ пешбинӣ мекунад».[4.46] Вале, дар воқеъ, интернатсионалӣ дар асоси арзишҳои муайяне зуҳур кардааст, ки ба туфайли аҳамияти умумӣ доштанашон ба сарвати дигар халқҳо ё тамоми инсоният бадал мешаванд.
Масъалаҳое ки дар боло зикр карда шуданд, барои ҷомеашиносон заруратеро ба миён меорад, ки афкори таҳқиқотии худро ба умқи моҳияти равандҳои ҷорӣ равона созанд. Ва ин ҳамеша суолест оид ба шарҳи зуҳуроте, ки дар сатҳи фавқулода қарор доранд. Бинобар ин, тарҳрезии ин ё он нуқтаи назари фарзиявӣ ба зуҳуроти ҳаёти миллии ҷомеа бояд дар заминаҳои иҷтимоию таърихӣ омӯхта шавад.
Дар шароити муосир дар тамоми давлатҳои мутамаддин равандҳои қонунмандонаи муттаҳидшавӣ ба мушоҳида мерасад, ки онҳо ба тамоюлҳои объективии рушди иҷтимоӣ алоқаманд мебошанд. Ва ин равандҳо аз детерминантҳои ягонаи таърихӣ ва мантиқи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошанд. Тавре ки маълум аст, дар доираи бузурги сиёсиву қавмии мо қонунмандиҳои объективии рушди ҷомеа хеле дигаргун шуда, онҳо дар тантанаи тафаккури тоталитарӣ зоҳир шуданд.
Дар доираи тамоюлҳои зиддиятҳои иҷтимоӣ арзишҳо ва муносибатҳои миллии нисбатан устувортар қарор гирифтанд. Тамоюлҳои миллӣ дар шароити шикасти муносибатҳои иҷтимоӣ вазифаи мутаҳидкунандаро иҷро намуда, талошҳои миллиро барои зистан дар шароити душвор сафарбар менамояд. Дар чунин шароит ҷомеа таваҷҷӯҳи худро ба замонҳои нисбатан дуртар равона сохта, ба даъвоҳои умумии миллӣ ва арзишҳои онҳо чун қисмати ҷудонопазири фарҳанги қавмии миллӣ бозмегардад. Давраи муносибати мулоҳизакорона ба гузаштаи миллати худ, мардуми худ оғоз шуда, раванди эҳё ва бозсозии фарҳанги миллӣ, забони он, расму анъана, махсусиятҳои ҳаётӣ ва ғайра қувват мегирад.
Ҳар як давраи таърихӣ ба тақдири миллат ва халқҳо нақшҳои амиқ мегузорад ва ба рафти барқароршавию тараққиёти онҳо таъсир мерасонад. Ба навиштаи Э. Раҳмонов: «Мардуми бостонии тоҷик дар давоми ҳастии худ, ки на як бору ду бор ба имтиҳонҳои душвор рӯ ба рӯ омадааст, имрӯз роҳи тайкардаи худро аз дидгоҳи таърихӣ боддиқат меомӯзад. Зеро таърих ба мо имкон медиҳад, ки ҳар як марҳилаи фарозу нишеби рушди миллиамон, саҳми наслҳоро дар хазинаи моддию маънавии он ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар қатори ягонаи таърихӣ дида тавонем. Танҳо ба воситаи шинохти гузаштаи таърихӣ ва тавассути худогоҳии миллӣ ояндаи наслҳои навро метавон муайян кард» [1.32]
Таърих самараи фаъолиятҳои инсон аст ва фаъолияти инсон бошууронаву ҳадафмандона мебошад. Афкори таърихӣ ҳамеша ҷанбаҳо ва ҳудудҳои нави худро зоҳир менамоянд. Дар баробари ин масъалаи ҳалли мушкилоти миллиро ба миён мегузорад. Мавриди зикр аст, ки алҳол на танҳо дар масъалаҳои миллӣ, балки оид ба тамоми мушкилоти ҷомеашиносӣ ба тамоюлҳое афзалият дода мешаванд, ки нақши омилҳои объективӣ ва қонунҳоро афзунтар карда, мутаносибан нақши мардумро дар таърих коҳиш медиҳанд.
Вале олимоне низ буданд, ки новобаста аз манъкуниҳои идеологӣ оид ба масъалаи мазкур корҳои илмию тадқиқотии худро идома медоданд. Заҳматҳои бузурги садҳо олимон, махсусан олимони рус ва дигар халқҳои шӯравӣ, хулосабарориҳои бузурги В. В. Бартолд, А. Ю. Якубовский ва Б. Ғ. Ғафуров имкон доданд, ки асарҳои бузург ва таърихи мукаммали халқи тоҷик рӯи кор оварда шаванд. Бо сарфи назар кардани ин дастурамали бағоят муҳим наметавон ба моҳияти миллатҳои муосир ҳамчун умимиятҳои нави этноиҷтимоӣ сарфаҳм рафт.
Дар ҳамин замина, К.Н. Ҳабибулин хеле дуруст мефармояд: «ҳангоми омӯзиши масъалаи худогоҳии миллӣ ба саволҳои он, ки кай ва дар кадом вазъият ба он таваҷҷӯҳи назариявӣ карда шудааст, посух ёфтан зарур аст. Ҷустуҷӯи посух ба ин саволҳо моро ба омӯзиши таърихи пайдоиш ва ташаккули ин мафҳум дар адабиёти фалсафӣ водор менамояд». [5.10]
Таърифи худогоҳии миллӣ аз мавҷудияти якчанд нишонаҳои фарқкунанда дарак медиҳад, ки худ инъикоси онҳост ва ба туфайли онҳо нисбат ба худогоҳии умумӣ дар муносибати хос қарор дорад. Нишонаҳои фарқкунандаи худогоҳии миллӣ бо махсусиятҳои ҳаётӣ, забонӣ, фарҳангӣ ва дигар хосиятҳои миллати ташаккулёбанда алоқаманд мебошанд. Душвории таърифи мафҳуми худогоҳии миллӣ дар он аст, ки он аз қисматҳои зиёде таркиб ёфтааст, ки худи онҳо дорои мафҳуми мустақил мебошанд. Муайянсозии тавсифи ин қисматҳо шарти дуруст истифода бурдани худи мафҳуми худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Худро ба ягон миллати муайян дохил намудани инсон ҳамон вақт далелнок дониста мешавад, ки агар вай ба саволи зерин дақиқ ҷавоб дода тавонад: дар асоси кадом меъёрҳои воқеӣ худро маҳз ба ҳамин миллат шомил медонаду ба дигар миллат не? Ин меъёрҳоро дар шароити таърихии пайдоиш ва рушди ҳамон миллат ҷустан лозим аст.
П. М. Рогачев ва М. А. Свердлин дуруст қайд мекунанд, ки «муайянкунии илмии миллат кори душворест, чун ин категория равандҳои гуногунро, ки дар шароити бағоят фарқкунандаи кишварҳо ва қитъаҳои гуногун, дар давраҳои таърихии гуногун ҷорӣ шудаанд, дар бар мегирад».[6.11] Бинобар ин, ҳангоми тавсифи миллат ҳодисаҳои нисбатан хосро ба назар гирифта, таъбири «мувофиқи қоида»-ро мунтазам ба кор бурда, аз ҳаводиси истисноӣ дурӣ ҷустан лозим меояд. Бояд таъкид намуд, ки чунин дурӣ ҷустан на танҳо имконпазир аст, балки барои афкори назариявӣ зарур мебошад. Ба муайянкунии миллат рӯшанӣ андохтан ба аломатҳое таваҷҷӯҳ додан зарур аст, ки дар маҷмӯъ ҳамаи мардум ё қисми зиёди мардумро, ки шомили онанд, фаро гирифта, дар баробари ин барои як миллатро аз миллати дигар ва шаклҳои қавмии томиллӣ фарқ кардан замина фароҳам оварад. Миллатҳо аз дигар шаклҳои қавмии иҷтимоӣ ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам аз ҷиҳати миқдор фарқ мекунанд.
«Вусъат»-и миллатҳо хеле гуногун мебошанд. Онҳо метавонанд даҳҳо миллион одамро мисли миллати рус ва садҳо ҳазор одамро, масалан мисли эстониҳо фаро гиранд. Вале таъкид бояд намуд, ки раванди таърихӣ чунон аст, ки маъмулан умумиятҳо аз рӯи вусъаташон торафт зиёд мешаванд.
Акнун нишонаҳои дигари миллатро дида мебароем. Лозим меояд ки ҳар як нишонаро муфассал таҳлил намоем, аз ҷумла нишонаҳоеро, ки барвақт дар адабиёти мо эътироф шудаанд. Вале, мутаассифона, таркиби чунин унсурҳо мисли умумиятҳои иқтисодӣ, ҳудудӣ ва забонӣ аз нигоҳи мо он қадар мушаххас нест. Ба ҷуз ин, вақтҳои охир тамоюли камаҳамиятӣ ба ин нишонаҳо хеле назаррас аст. Ба фикри мо, умумияти ҳаёти маишӣ бояд дар ҷои аввал гузошта шавад, ки он шарти асосии ташакулёбӣ ва нишонаҳои миллат ба ҳисоб меравад. Албатта, таърихан чунин нишонаҳо, мисли умумияти забонӣ ва ҳудудӣ, аксаран ба таври зуд ва пештар аз умумияти устувори ҳаёти маишӣ рушд мекунанд. Агар ба таърихи рушди ягон миллати алоҳида назар андохтанӣ шавем, ин равандро ба хубӣ метавон мушоҳида кард. Лекин дар ин ҳолат, таркиби категория арзёбӣ карда мешавад. Бинобар ин, лозим аст, ки бо такя ба далелҳои таърихӣ усулҳои афзалиятноки мантиқии тадқиқоти илмӣ истифода бурда шаванд.
Бояд қайд кард, ки миллати ташаккулёфта аз халқият фарқияти муайян дорад, ки на ҳамеша дар бораи дигар нишонаҳояш чунин гуфтан мумкин аст. Масалан, на фақат миллат забони пешрафта дошта метавонад, халқият низ чунин забони пешрафта дошта метавонад. Ин ё он халқияте ки ба забони пурқувват расидааст ва ҳатто дорои забони адабӣ аст, агар ба муносибатҳои устувори иқтисодӣ пайванд набошад, ҳанӯз миллат шуда наметавонад. Масалан, агар оид ба халқи тоҷик дар асрҳои 9-10 сухан равад, ки ба давраи рушду такомулаш дар замони давлати Сомониён рост меояд. Забони адабии умумӣ (форсӣ-тоҷикӣ), ҳудуди ягона (мухторият аз арабҳо), умумияти ҷузъии ҳаёти иқтисодӣ ташаккул ёфт, вале агар мо хоҳем, ки ба миллат дар чунин замина баҳо диҳем, ки миллат умумияти олии қавмӣ буда, дар асоси капитализм ва сотсиализм шакл гирифтааст ва нисбат ба ҷамъияти феодалӣ бо рушди таърихияш болотар меистад. Вале давлати Сомониён, ташаккул ва пешрафти он маҳз дар даврае буд, ки таҳти мафҳуми «шакли олӣ»-и умумияти одамон мо рушди миқдории зинаҳои гузаштаи умумияти қавмӣ ва ё идома ёфтани алоқаҳои биологии наслҳо ва шакли робитаҳои таърихӣ, ки нисбат ба дигарон бештар ҷавобгӯи талаботи раванди муосир аст дар назар дошта набошем, халқи тоҷикро дар он давра ҳанӯз миллат номидан мумкин нест.
Барои он ки халқият ба миллати пешрафта табдил ёбад, бунёди марказҳои саноативу фарҳангӣ, ташаккулёбии синфи коргар ва зиёиён ҳамчун нерӯи асосии муттаҳидшавии миллат ва рушди фарҳанги он, зарур аст. Ҳангоми капитализм ё сотсиализм нақши асосҳои иқтисодии муттаҳидшавии миллӣ дар баробари саноат хоҷагии қишлоқи комилан механизонидашуда низ иҷро мекунад. Маъмулан, ҳамаи ин дар ҳоле тақозо мешавад, ки халқият ба таври кофӣ зиёд бошад ва тавонад, ки ҳадди ақал аз аҳолии маҳаллӣ миқдори муайяни кадрҳои асосиро омода созад, то ки шароити табиӣ ва иқтисодиву ҷуғрофӣ барои рушди лозимаи асосҳои иқтисодиро дошта бошад. Худ ба худ маълум аст, ки дар шароитҳои иҷтимоии гуногун ин имкониятҳо ба таври мухталиф роҳандозӣ карда мешаванд. Мисоли равшани рушди миллӣ дар асоси бунёди умумияти иқтисодии ҳақиқӣ роҳи тайкардаи дигар халқиятҳо, масалан халқи тоҷик, буда метавонад. Тоҷикистон бо доштани сарвати бузурги табиӣ ва захираи ғании ашёи хом, то давраи инқилоб яке аз ақибмондатарин минтақаҳои Россия боқӣ монда буд. Он саноати азим ва синфи коргари миллӣ надошт. Соҳаҳои саноати кӯҳӣ, пахтатозакунӣ ва хӯрокворӣ дар миқдори ками корхонаҳои косибӣ ҷамъ омада буданд, ки дар онҳо асосан коргарони ғайримиллӣ кор мекарданд. Ҳукмронии муносибатҳои мардсолорию авлодӣ, характери натуралӣ ва нимнатуралии хоҷагидорӣ, кишоварзии тарзи ибтидоӣ боиси пеш нарафтани рушди иқтисодии Тоҷикистон мегардиданд. Тоҷикон дар шароити парокандагии хоҷагидорӣ зиста, ҳамчун халқият боқӣ мемонданд. Дар даврони сохти сотсиалистӣ дар ҳудуди Тоҷикистон саноати бузург, аз ҷумла соҳаҳои дастгоҳсозӣ, мошинсозии хоҷагии қишлоқ ва саноати энергетикаташаккул ёфтанд. Синфи коргари миллӣ ба вуҷуд омад, марказҳои фарҳангӣ пайдо шуданд ва рушд ёфтанд. Аз ин лиҳоз, тоҷикон тадриҷан нишонаҳои хоси миллиро ба даст оварданд.
Мунавварова Дилафӯз.
ассистенти кафедраи илмщои
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ