“Ҳама чиз дар зиндагӣ мутавозин аст, агар шумо виҷдонатонро гум кардед, пас шумо бешармӣ, бешарафӣ ва беномусиро пайдо намудед.”
Ҳикмати бузургон
Тайи рӯзҳои охир аз ҷониби тамоми шабакаҳои телевизионии вилоят филми мустанади “Бешарафӣ” ба бинандагон пешкаш гардид. Ман ҳамчун як фарди баномуси диёр хостам нисбати амалҳои ноҷавонмардонаи М.Садриддин якчанд фикру мулоҳизаҳои хешро иброз намоям. Дар рафти тамошои филми мазкур бори дигар ба хулоса омадам, ки ягон амали ношоиста беҷавоб намемонад ва дар ин маврид гуфтаи бузургон ба хотир меояд: “Одамон ҳеҷ гоҳ аз амалҳое, ки барояшон одат шудааст, пушаймон намешаванд”.
Муҳаммадиқболи Садриддин як инсони разил ҳаст, ки аз инсонҳо маблағи пулии зиёдеро ба қарзи гирифта ба онҳо бозпас нагардонидааст. Бо он маблағҳое, ки бо роҳи фиреб ба даст оварда, ба манфиати худ истифода бурдааст. Ӯ дар шаҳри Бохтар бо пули муфт ба даст омада, манзилҳои зиёде сохтааст.
Агар ба ҳаёти шахсии ӯ назар кунем, дар оилае ба дунё омадааст, ки падари Муҳаммадиқболи Садриддин ба хуруфотпарастӣ ба ҳар гуна корҳои номатлуб машғул буд. Ӯ як қурбонии дасисаҳои падари хеш мебошад. Муҳаммадқаландари Садриддин падари Муҳаммадиқболи Садриддин худ саркардаҳои дасисааҳои ТТЭ ҲНИ мебошад.
Ҳарчанд ин рафтори Муҳаммадиқболи террористро фаҳмидан мумкин буд, ки ин авбоши наҳзатӣ бар алайҳи миллат мубориза мебарад ва арзишҳои бузурги мисли Ватан, Модар ва Дин барояш ягон аҳамияте надорад ва барояш як сухани хоҷаи хориҷияш аз ҳамаи ин боло меистаду вай танҳо барои фирефта сохтани мардум аз ин арзишҳо истифода менамояду халос.
Зеро файласуфи бузурги Шарқ Муҳаммад Зарринтоҷи Кордон перомуни рафтори ин тоифа чунин изҳори назар кардааст: “ Инсоне, ки аз бузургтарин арзиш барои ноил шудан ба мақсадҳои нопокаш истифода мекунад, вай ҳамоно ҷойгоҳаш партовгоҳест, ки худ арзиши инсониро надорад.”
Аз ин гуфта чунин хулоса намудан мумкин аст, ки инсонҳои пулпараст ва шикампарвари мисли Муҳаммадиқболи террорист ҳаргиз ҳаққи инсон буданро надоранд ва ҷойгоҳашон низ ҳамон ахлотгоҳ аст. Зеро ин тоифаи бадкеш аз ислом ва дигар арзишҳо ба мақсадҳои нопок истифода намуда, дар миёни ҷомеа нақш мебозанд ва ба ҳамин восита мехоҳанд мардумро гумроҳ кунанд.