Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангхои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Агар ба китобҳои дини назар афканем дини мубини ислом дар ягон давру замон ҳизби худро доро набуд, ки асоси ин гуфтаҳоро чунин шоири ширинкалом дар шеъраш қайд намудааст:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост.
Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққи дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вучуд доранд ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида маҳз хатогӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо ҷой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад фаъолияти Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳаракати мардумии “Растохез ки баъди интишори қонун “ Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ЧШС Тоҷикистон”- 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст ташкил ёфтан гирифтанд. ҲНИ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худромехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд ки ҷахон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар дар гузашта дузду чинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шахрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди собиқ роҳбари ҲНИ ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурия, Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд ҳалок шудаанд. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру тахаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низоҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шахрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Аз ин ҷост ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995 миллати тоҷик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта ба ивази қурбониҳои ҷонӣ ва ҳисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои осиёгии аъзои ИДМ мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд. Аз ин ҷост ки Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ ғарбарошуда корвони худро аз мамлакатҳои Шарқ ба ҷойҳои наздиктари мамлакатҳои Ғарб интикол додаанд, ки ҳоло бо номи созмони ифротгароию террорисии ДИИШ дар либоси сиёҳи дӯстдорони дини ислом корҳои душманони онро бароварда хайр карда истодааст.. Яке аз ин гуна озмоишхои онҳо моҳи сентябри соли 2015 дар Точикистон буд, ки онро ба ҳадафи нопоки худ кашиданӣ буданд. Овози баланди мардуми мо “ Ман Ватанамро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”- пирӯзии комили мардуми точикро таъмин намуд. Ин гурӯҳи нотавонбини аз оламу одам норозӣ ҳамавақт будан мемонанд ва ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар карданӣ намешаванд. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем. Чи хеле ,ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар баромадҳояшон қайд менамоян, мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои гул гул шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо саҳми кучаки худро гузорем ва месазад, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварро мо аҳли қишри ҷомеъаи мутамаддин ҳама ҷониба дастгири намуда, паёмҳояшонро дар оила ва кор сармашқи худ намоем.
Самадова Мадинахон