Санаи 12 уми феврали соли ҷорӣ дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Спартакиадаи варзишӣ, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошт, ҷамъбаст гардид.
Спартакиадаи мазкур дар чор намуд: волейбол, тенниси рӯи миз ва шашкаву шоҳмот ҷараён гирифта, дар он устодону омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ишрок намуданд.
Дар мусобиқаи мазкур устодони ДИС ДДТТ дар қатори устодони дигар донишгоҳҳои олии вилоят ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд. Аз ҷумла аз рӯи намуди шашка ҷойи аввалро байни занҳо Мирбобоева Тӯтинисо, аз рӯи намуди шашка байни мардҳо ҷои сеюм насиби корманди донишкада Ахроров Акбар, аз рӯи намуди шоҳмот баини занҳо ҷои дуюм Асдусатторова Раъно, аз рӯи намуди тенниси рӯи миз байни занҳо ҷои сеюм Дониёрова Мунира, аз рӯи намуди тенниси рӯи миз байни мардҳо ҷои сеюм Неъматов Муродҷон сазовор гардиданд. Хамчунин ду нафар устодони донишкада Шарипов Мазокир ва Ҷамолиддинов Сӯҳроб аз рӯи намуди волейбол хамчун бозингарони беҳтарин бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар маҷмӯ дар мусобиқаи мазкур устодони донишкада 5 ҷойҳои ифтихориро сазовор гардида, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.