ИГВОАНГЕЗӢ ДАР ВАРШАВА

Вохӯрие, ки дар Варшава дар бинои САҲА баргузор гардида буд имрўз ба масъалаи баҳсиаксари мардум табдил ёфта, атрофи худ сару садохои гуногунро касб намудааст ва ба таъбири худи иштирокчиён ба майдони баҳсиноҷо мубаддал гардидааст. Мо дидем, ки чи тавр дар нишасти САҲА онҳо иғвоангезиву дурӯғпардозӣ мекарданд, ки ин албатта барои на ҳар кас писанд аст ва рафтори нодурусту аблаҳонаи онҳоро дида, ҳама аллакай хулоса баровард, ки инҳо ба ҷуз авбошиву ҷиноят дигар коре балад нестанд. Зеро аз суханрониву гуфторашон маълум буд, ки онҳо дигар идеяи солим надоранд ва маълум буд, ки Кабирӣ бо аз даст додани тарафдоронаш худро хеле маъюс ҳис мекунад. Ин ҷо саволе ба моён меояд. Барои чи имрӯз ин ташиколи бонуфузи байналхалкӣ, ки мақсади асоси он барои таъмини бехатари чомеаи ҷаҳони мебошад.  Имрӯз гурӯҳҳои низоангези ҷомеаро дар ин нишаст ҷой дода истодааст магар аз ин гурӯҳҳо манфиатдор мебошад? Кабирӣ ва тарафдоронаш бо Шарофиддин Гадоев ва чанд ҷинояткори махсус тайёркардашуда талош мекунанд, ки ҳатто агар заррае ҳам бошад, обрӯву нуфузи миллат ва давлати Тоҷикистонро коста гардонанд. Надоштани фарҳанги сиёсӣ ва умуман маърифати инсонӣ инсонро ба ҳар гуна роҳ мебарад. Махсусан онҳое, ки мехоҳанд худро фаъоли сиёсӣ шуморанд бояд ахлоқи ҳамидаву фарҳанги волои муоширатро донанд ва онро дар ҳама ҳолат риоят кунанд.

Намунаи беҳтарин будан дар майдони сиёсат талаби умумист, аммо надоштани маърифати баланд ва фарҳанги сиёсӣ ин аллакай шармандагист. Муҳаммадалӣ Ҳайит, Сулаймон Орзуевро ва боз ким-кадом «воизони доно», ки барои мардуми Тоҷикистон тамоман ношинос ҳастанд ва бо чандзабонҳунари сухангўӣ доранду андешаҳояшон барои худашон норавшан аст бо суханбозиву сафсатазанӣ овора нашаванду аз пайикору зиндагии хеш бошанд. Онҳо аз ин кори худ албатта ганарар ё худ ҳақмузди хуб мегиранд. Баробари соҳибистиқлол гардидани кишварҳои пасошӯравӣ як гурӯҳи махсус аз исломиёни соҳибсилоҳ бо ташкили равияву ташкилотҳои гуногуни динӣ хостанд, кишварҳои собиқ Шӯравиро ба давлати исломӣ табдил диҳанд.  Аз ин сабаб гуфтани ҳастем ки набояд ин ташкилоти байналхалкӣ ба чунин амалҳои номатлубе, ки имрӯз ТТЭ ХНИ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикиситон гурӯҳҳои терорристию экстремистӣ эълон карда шудааст дастгир ёбанд Танҳо имрӯзҳо ташкилотҳои байналхалкие, ки имрӯзҳо дар сатҳи байналхалқи ташкил шудааст танҳо барои ҳимояи шаҳрвандон мебошад на ин ки барои ҳимояи гурӯҳҳои терористию экстремистӣ мебошад. Осмони мусаффои Тоҷикистони озодро абри ғаму андӯҳи мардум ва садои навҳаву гиря фаро гирифт, ки боиси гирифтори ин ҳама ранҷҳои кашидаи модарони тоҷик ин аз дасти нафароне, ки на ягон раҳму шавкат, як ватани муайян дорад бо гуфтаҳои хоҷагони сарватмандӣ худ кор карда “Нону намаки ” ин сарзаминро хӯрда дар ҷавоб боз бар зидди давлатии худ ё бар рӯи “Ватан” “Модар”-и худ силоҳ бардоштаанд ва боиси ташкил кардани ҷанги шаҳрвандӣ заминаи асоси гузоштааст гурӯҳи ТТЭ ҲНИ мебошад.

 Имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон шукрона аз Пешвои миллату фазои орому осуда роҳ сўи ояндаи дурахшон доранду ба маслиҳату ақидаҳои «воизони забондон» эҳтиёҷ надоранд. Шарм доред, ки байни иштирокчиёни як нишасти бузург таҳқири миллату ҳамватанони худро вазифаи асосии худ шуморида, бо сафсатаву буҳтон машғулед.

ДИЛАФРӮЗ ҲОМИДОВА,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *