Донистану омўхтани рукнҳои Ваҳдати миллӣ барои насли имрўзу фардои Ватан бояд муқаддасу ҷовидонӣ бошад. Точикистонро имрўз мамолики дунё чун давлати воҳиду ягона, соҳибватан, дорои фарҳанги қадиму воло мешиносанд.
Дар тўли садсолахои зиёди таърихии пурфочиаи тоҷикон, аввалин маротиба Тоҷикистони соҳибистиқлол ба Ватан ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон табдил ёфт.
Лекин, ошуфта шудани собиқ, раиси ҲНИ М.Кабирӣ, беватанӣ, дур аз хешу табор ва бозичаи дасти хориҷиён гаштани ў гох- гох овози худро аз хориҷи кишвар бароварда, қисме аз муҳоҷирони хамватанро дунболи худ мекашад.
Кабирӣ хуб медонад, ки гуноҳаш дар назди миллат хеле вазнин аст, бинобар ин талошҳояш баҳри сафед кардани зертобеъони маҳкумгаштааш тавассути ташкилотҳои байналмилалӣ ва маблағҳои аз хориҷа ба даст овардааш ўро маҷбур месозад, ки дар байни баҳри беканор дасту по занад, то ки ғapқ нашуда ба хушкӣ бирасад.
Махсусан, ҷашни мутантани Вахдати миллӣ соли чорӣ исбот намуд, ки мардуми Тоҷикистон дастгири сиёсати имрўзу фардои Ватан мебошанд. Таърих ҳеҷ гох, фаромўш намешавад. Ҳар инсоне, ки тафаккури солим пиндоштан, бегонапарастии динӣ ва сиёсӣ магар шараф аст, ки Кабириҳо бар муқобили халқу миллати худ онро раво медонанд.
Имрўз манбаъхои исломӣ ба ҳама дастрасанд. Муқаддастарини он ки Қуръони шариф аст, ба ҳама забонҳо онро метавон мутолиа кард.
Мо набояд бо рафтори бади худ ба Ислому Қуръон доғи бад орем. Чӣ хеле, ки сарчашмаҳои илмӣ исбот намудааст, дини Ислом ба ягон ҳизбу қонун, низомномаву оиннома ва фатвоҳои беасоси шахсони алоҳида ниёз надорад.
Солҳо шоҳидем, дар давлатхое, ки азҳоб, аз ҷумла ҳизбхои динӣ талоши ба сари қудрат расиданро доранд, фақат кашмакашиву ихтилофхо ҷой доранд. Шаҳрҳо хароб гашта, одамони бегуноҳ, мефавтанд.
Мардуми мо дар ҳақиқат зудбовар ҳаст, чӣ хеле, ки дар давраи фаъолият доштани ҲНИ ба хотири ҳизби исломӣ будан “гунаҳкор” нашавем гуфта, ин ҳизбро қисме аз одамон пуштибонӣ мeкарданд. Намедонистанд, ки роҳбарияти ин ҳизб ба хотири расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз номи поки дини ислом пайваста истифода мекарданд.
Ҳоло ҳам М. Кабирӣ беватан дар хориҷи кишвар пуштибонӣ аз Ислом шиори худ намоиш дода, мехохад таҳти ҳамин шиор тоҷикону тоҷикистониёнро бaд намояд ва аз ин ҳисоб соҳиби маблағу сарпаноҳ гашта, манфиате ба худ бардорад ва чунин тарзи зиндагиашро пеш барад.
Мо тоҷикон, ки мусулмон ҳастем, ба хотири нигоҳ доштани якпорчагии марзу буми ватани хеш ва поку беолоиш нигоҳ доштани дини муқаддаси Ислом дар пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ бояд хушёриву зиракиро аз даст надиҳем.
Замину обу ҳавои Тоҷикистонро бо дилу ҷон бояд қадр намоем. Танҳо дар ҳамин замини аҷдодӣ мо худро чун дар оғўши беғурбати Модар эҳсос намоем.
Муаллимаи калон
кафедраи иқтисод
Абдусамадова Х.Ғ.