Бидуни тафаккури солим наметавон шоиста зиндагӣ кард.

Тафаккури ваҳдатгароӣ ва маърифати  инсон, фалсафаи ҳамдиливу ҳамраъйи ва ягонагиву иттиҳод пеш аз ҳама аз рӯзгоре сарчашма мегирад, ки инсон Офаридгори ягонаро шинохта ва ба вуҷуди бемислу воҳиди он эътиқод пайдо намудааст. Аз назари иҷтимоӣ ҳам инсоният ваҳдату ягонагӣ, амнияту сулҳ ва зарурати вуҷуди он дар зиндагӣ ҳанӯз дар даврони ба истилоҳ ҷомеаи ибтидоӣ дарк намудааст. Замоне, ки одамон эҳсос намуданд, ки муқобили ҳамагуна нерӯҳои мутазод ба онон, ҳайвону қувваҳои шарр танҳо якҷоя ва ба таври гурӯҳӣ мубориза бояд бубаранд, зиндагияшон аз ҳастии иттиҳод ва муттаҳид будан  дар меҳвари як нерӯ маънии тоза дарёфт. Ҳамин гуна инсоният ҳам аз назари фикрӣ ва ҳам аз диди иҷтимоӣ дар дарозои ниёзмандии ҳамешагӣ бо ваҳдат зиста, ин тафаккур ва андешаи бузургро  то замони мо расонидааст. Ҳақиқати ин амр дар ҷилваҳои хоси фалсафаи ваҳдатсаройву ваҳдатгаройии инсоният, гароиш ба сулҳу дӯстӣ ва парҳез аз ҷангу пархош дар таълимоти макотиби фикрии дину мазҳаби мухталиф, таълимоту фармудаҳои орифону ҳокимон ва донишмандон, инчунин ашъори шоирон бо этоб ёфтааст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

“Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитри  инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

 Аз ин лиҳоз рафъи ҳамагуна зуҳуроти номатлуб аз донишу малакаи устувор, ҷаҳонбинии васеъ, зиракии сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон имконпазир аст.

Устоди кафедраи
назарияи иқтисод Азимов А.Ҷ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *