Дар террори миллӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ки гунаҳкор аст?

Дар саҳифаҳои интернетӣ мақолаи Муҳаммади Одинабекро хонда, хело ба ҳайрат афтодем. Мо ҳеҷ нафаҳмидем, ки ӯ кадом иқдомҳои охираи ҳукуматро дар назар дорад. Ба ҳамагон, ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ва берун аз он иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо сарвари Пешвои Миллат Ҷаноби Олӣ маълум аст ва он ба созандагию ободонии кишвар равона карда шудааст муаллиф шароити кунуни кишварро бо солҳои ҷанги шаҳрвандӣ монанд мекунад, қурбонию куштору ваҳшиятҳою фирору мусибатҳои халқро ёдовар мешавад. Магар, ҳоло ягонтои ин бадбахтиҳоро мо дар мулки азизамон дида метавонем? Албатта не.
Муҳаммади Одинабек дар бораи кадом террори миллӣ дар замони ҳозира сухан мегӯяд? Террори миллӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки миллати моро аз фарзандони худ чун М. Осимию Хувайдуллоеву С. Кенҷаев ва садҳо дигар маҳрум сохт. Куштори шахсиятҳои бонуфуз, ин аввалин ноҷавонмардии ҳизби наҳсати исломӣ буд, ки имрӯз ҷиноятҳои пинҳонии аъзоён ва роҳбарони он ошкор гаштааст.
Муаллиф даъво мекунад, ки фарзандони ғаюри миллат фирорӣ шудаанд. Ӯ аз афташ, он аъзоҳои ҲНИТ, ки ҳамсафи гурӯҳҳои террористӣ буданд дар назар дорад, ки аз кирдорҳои бади худ шармсор гардида, дар мамолики хориҷӣ паноҳ бурданд. Аҷибаш дар он аст, ки онҳо ҳоло дар кӯчаҳои Аврупою Эрону Туркия озодона қадам зада, аз минбарҳои баланд аз поймол шудани ҳуҷуқи инсон сухан меронанд ва Ҳукумати кунунии Тоҷикистонро айбдор мекунанду худро бегуноҳ ҳисоб менамоянд.
Оид ба аъзоёну роҳбарони ҲНИТ таъкид карданием, ки гарчанде с.1997 авфи умумимиллӣ алайҳи онҳо эълон шуда бошад ҳам, онҳо ҳоло баъди с 1997 ба кирдорҳои бешармонаю ҷиноятҳо бар зидди миллати тоҷик боз даст заданд ва илова ба он дигар аъзоёни ҷомеа хусусан ҷавононро гумроҳ карда ба терроризму экстремизм ҳидоят менамоянд, ки ин авфнопазир аст. Аз ин лиҳоз нерӯҳои солими ҷомеа бояд зиракиро аз даст надиҳанд ва коре кард, ки дигар ин қувваҳои мурдор ва тарафдорони онҳо, ки Муҳаммади Одинабек онҳо тарафгирӣ менамоянд, дар Тоҷикистони азизи мо пайдо нашаванд.

н.и.и. муаллимаи калони
кафедраи иктисодиёти љаҳон
Мухитдинова Ш.С

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *