Ифротманишон ва тундгароёни хилофатсоз

Вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳимояи Ватани худ чӣ дар хона, чӣ дар сарҳад, чӣ дар деҳа ва ғайраҳо мебошад. Пас, мебояд, ҳар яки мо ҳимояи Ватанро тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидани мардум ва макру ҳиллаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватанпарварӣ ба роҳ монем. Аз ҷумла мо аҳли зиё бояд барои пешрафту гул-гул шукуфии ватани биҳиштосоямон камари ҳиммат бандем ва побанди ҳизбу ҳаракатҳо мамъну набошем ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем.

Гурӯҳҳои бадхоҳ барои амалӣ сохтани нақшаҳои бадашон аз дини ислом сӯистифода менамоянд, то ба нияту ғаразҳои худ ноил шаванд.   Дар асл ҳар иғвоангез ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ мехоҳанд дар кишвар нооромӣ ҷорӣ созанд, зеро бадхоҳ ва душман тараққӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеаро дар Ватане, ки дар он зидагиашро ба сар мебараду аз осмони софаш нафас мегирад, дидан намехоҳад. Ба ин гуна ашхосоне, ки нияти ғаразро доранд лаънат мехонем. Бояд хуб дарк кунем, ки терриризм ба маънии ба даҳшат овардани аҳолии осоишта, афроди ғайринизомӣ, кӯдакон, занон, пиронсолон, ибодаткунандагон новобаста аз он ки аз кадом тоифа мебошанд ва ягон вобастагие ба Ислом надорад.

 Панҷ нафаре, ки дар ҳамла ба дидбонгоҳиСултонобод дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ширкат кардаанд, маълум гардид. 

Манобеъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон ин афродро сокинони вилояти Суғд гуфтанд. Чаҳор нафари онҳо ҳоло дар боздошт қарор дошта, як тани онҳо ҳангоми задухӯрд кушта шудааст.

Аз панҷ нафаре, ки шахсияти онҳо ба мо маълум шуд, се зан ва дуи дигар мард мебошанд.

Синни аксари ин боздоштшудаҳо ва фарди кушташуда аз 20 то 25-сола аст. Дар бораи шахсияти 15 тани дигар аз ҳамлаварон, ки ҳангоми задухӯрд бо нирӯҳои давлатӣ кушта шудаанд, то ҳанӯз маълумоте дар даст нест.

Рӯзи 6-уми ноябр дар изҳороти расмӣ омадааст, ки бист ҷангҷӯи ДОИШ шаби 3-юми ноябр аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузашта, сипас, ба дидбонгоҳи марзии “Султонобод” дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла кардаанд. “Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”-ро барои худ ҷойи муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд”, – гуфта шудааст дар изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Рахт бастани ҳиссиёти раҳму шафқат аз вуҷуди ашхоси бадсиришту беимон, аз фарҳангу маърифат ва муқаддасоту арзишҳои олии инсонӣ бехабар боиси содир намудани сангинтарин амалу кирдорҳои разилона гардида, ҳуқуқи одамонро ба зиндагии осоишта маҳрум месозад.

Дидани чеҳраҳои кӯдакони ятиму зор, занони аз шавҳар маҳрумгашта ва ҷавонони дар айни камолот ҷонбохта хеле риққатовару маҳзункунанда аст, ки дар натиҷаи амалҳои касифонаи гурӯҳҳои худхоҳу ҷоҳталаб рӯзи рӯшанро барои онҳо тира намудааст. Ба дунё омадани инсонҳо барои зистану аз ҳаёт баҳра гирифтан ва зиндагии шоистаро ба сар бурдан аст ва касе ҳуқуқ надорад ҳаётро аз онҳо рабояд, ба ҷуз Офаридагор.

Шукргузорӣ мекунем, ки фазои кишвари мо орому, ҳавояш беғубор аст. Ҷавонон ба сулҳу ваҳдат, тинҷиву осоиши ватанамон арҷ гузошта, хизмат ба халқу ватанро асоси кору зиндагии хеш меҳисобанд. Зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ягон ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ намегарданд.

 Дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баҳри ҳимояи тамомияти арзии кишвар, мубориза бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ  вазифаҳои басо ҷиддию мураккаб меистанд, ки иҷрои онҳо аз ҳар афсару аскар матонату мардонагӣ, қавииродагӣ, кобилияту лаёқати зиёдро тақозо менамояд.

Имрӯз хурду калони Тоҷикистон дорои тафаккури баланди сиёсӣ мебошанд. Барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ ҷавонони моро хушдор медиҳад, ки ба ҳар гуна фитнаҳои иғвогарон бовар накунанд.

Муовини декан оид ба илм Манонова Р.А.
факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *