ИЗҲОРОТИ ҳайати устодону профессорони факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба воқеаҳои чанд рӯзи охир дар қаламрави кишвар

Ба ҳамагон маълум аст, ки ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми бисту ҳашт соли истиқлолияти давлатӣ бо сарварии оқилонаи Президенти кишвар бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо мардуми шарифи Тоҷикистон таҳкурсии давлати сохибихтиёрро гузошт ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намуд: таъмини истиклолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба самтхои стратегии сиёсати давлат табдил дода шуд. Хамзамон ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаем.

Имрӯз, ҳангоме. ки мардум дар фазои мусбии тағйирёфтаи сулҳу субот ва оромию таъмини амнияти мардум ҳаёт ба cap мебаранд, мебояд, ки ҳамагон риояи қонунҳои давлатро қатъиян риоя намоянд.

Аммо мутаасифона, қувваҳои аҳриманӣ – афроди курдилу хоинони Ватан, аъзоёни ташкилоти террористии «Давлатӣ исломӣ» берун аз кишвар дар манотиқи гуногун бо дастгирии молиявии хоҷагони худ бо ҳар роҳ тафриқаандозӣ намуда, бо ҳар роҳу усулҳо дар фаъолияти худ кӯшиш доранд мардумро ба роҳи ғафлат ва гумроҳӣ андохта, садди роҳи пешрафту амну осоиши кишвар гарданд.

Онҳо боз мехоҳанд бо дастгирии бевоситаи бадхоҳони дохилию хориҷӣ халқамонро ба нооромӣ кашида, пояҳо ва рукнҳои давлатдориро фалаҷ гардонида, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд оваранд.

Чунон ки бори дигар исбот мешавад, душманони миллат доимо ва бо ҳар восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар мамлакат самти босуботи рушд ва пешравӣ боздошта гардад. Албатта ба ин кор онҳо ҳеҷ гоҳ муваффақ, нахоҳанд шуд.

Гурӯҳи иртиҷоию ифротӣ дар рӯзи ид барои тира кардани зиндагии бофароғати мардумамон омодагӣ диданд. Ҳадафи асосии онҳо ба харобӣ кашидани кишвар аст ва дар ин роҳ ба ҳар рафтори ношоям, аз ҷумла даст ба амали ғайриинсонӣ мезананд.

Дар арафаи таҷлили Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди хуҷуми мусаллаҳонаи силоҳбадастони гурӯҳҳои экстремистӣ ба кишвари мо шуданд.

Натиҷаи муноқишаи шадиди мусаллаҳона боиси марги ду тан марзбони ватандӯсту содик, диловару боҷасорат гардид. Аз ин рӯ мо бояд аз он хулосаи зарурӣ бардорем. Ин бори дигар далели он аст, ки ба қазияи Тоҷикистон сарону саркардагони хориҷӣ бетараф нестанд. Аз ин рӯ, ҳодисаи мазкур бояд тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро сари андешаи чиддӣ оварад.

Мо аз мардуми ватандӯсти мамлакат даъват ба амал меоварем, ки барои нигоҳ доштани якпорчагии кишвари азиз саъю талош ба амал оваранд. Дар ин маврид дарки вахдату якпорчагии ватан хеле муҳим аст.

Мо дар ин лаҳзаҳои барои кишвар ҳассосу муассир аз ҷавонмардии ду корманди низомӣ ифтихор мекунем, зеро онҳо барои зиндагии осоиштаи мо, таъмини низому тартиботи давлат ҷони худро фидо карданд.

Дар ин ҳодиса ба Макрмоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ имкон даст дод, ки дар сарозер кардани амали нангини террористони ҳамлагар накши муҳим бозанд ва 15 аъзои ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»-ро дар қаламрави ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рудакӣ безарар гардонанд ва 5 нафари дигарро дастгир намоянд.

Бори дигар равшан гардид, ки ин амали экстремистию террористӣ ба гурӯҳҳои харобкор ва тундрави “Давлати исломӣ” ва ДОИШ мансуб будааст. Мо, ҷомеаи мехнатии ҳайати устодону профессорони факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи МДТ “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон» рафтори нангини ин гурӯҳҳои ифротиро маҳкум менамоем.

Таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ҳакиқатро ба хубӣ собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно аст. Аз ин рӯ, мубориза бо ин вабои аср натанҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар узви ҷомеа мебошад. Ҳамеша дар талоши он бошем ки, бо тамоми ҳастӣ марзу бум ва дастовардҳои бо мушкилии зиёд бадастомадаро ҳифз кунем ва насли бонангу ор, худшиносу ватандӯстро тарбия намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *