Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ оид ба ҳамлаи ДИИШ ба дидбонгоҳи марзӣ

Рӯзи 6-уми ноябр бист ҷангҷӯи ДОИШ аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузашта, сипас, ба дидбонгоҳи марзии “Султонобод” дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла кардаанд. “Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”-ро барои худ ҷойи муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд”, – гуфта шудааст дар изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон. Мо ҳамлаи афроди бадхоҳ ва бадандешу душманони миллатро шадидан маҳкум менамоем ва аз мардуми кишвар даъват ба амал меоварем, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад.

Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон  яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахнаандозӣ намуда истодааст, ки дар суханронии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон доимо қайд менамояд: ки «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».

Хулосаи матлаб ин ки ба мо ҳамагон лозим аст, кӯшиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа билхусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кӯр-кӯрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.

Террорист Ватан-Модар надорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *