ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ДАР ҲАЁТИ ИМРӮЗА

Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад. ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.
Мушоҳидаҳо собит менамояд,ки ифротгароии динӣ яке аз маъмултарин шаклҳои ифротгароӣ буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва ба ҷо овардани таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Ифротгарои динӣ, маъмулан, аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур рафта, динро рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, тибқи чунин фаҳмиш амал карда, аз дигарон низ чунин амалро тақозо менамояд.
Баробари инбояд қайд кард,ки яке аз низоъҳои даҳшатнок ин низои динӣ-мазҳабӣ ба шумор меравад. Дар ин навъ низоъ тарафҳо бо хуну ҷонашон меҷанганд ва дар кам мавридҳо пеши роҳи чунин моҷароҳо ба зудӣ гирифта мешавад. Ин раванд мусулмонони ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки зери шиори «муъмин бародари муъмин» кору зиндагӣ намоянд, то ваҳдати мусулмонон таҳким ёбад ва фирефтаи иғво ва макри душманони дини мубини ислом нагарданд. Зеро хоинони ислом ва мусулмонон доимо дар каминанд, то нақшаҳои нопоки худро нисбат ба дини мубини Ислом, ки дини раҳмату таҳаммулгароист, амалӣ созанд. Имрӯзҳо терроризм ва ифротгароӣ бо тамоми зуҳуроташон ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст.
Яке аз чунин созмонҳои ифротгароӣ ТТЭ ҲНИ ба ҳисоб рафта бо мақсади ба миён овардани нооромиву ҷангу ҷидол байни халқ аз тарафи хоҷаҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуда буд. Тасдиқи ин гуфтаҳоро мо дар филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Хиёнат» диван мумкин аст,ки дар он шоҳидони воқеаи ҳол ва бо далелҳои раднашаванда амалҳои нобахшидании, бахусус роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аёну исбот гардид.
Хулоса дар урфият мегӯянд,ки таърих гувоҳ аст ва вақт довар! Имрӯз ҳама медонанд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва пайравонаш , зери роҳбарии Кабирӣ, кистанд ва чӣ ният доранд. Воқеан имрӯз мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии хоинони миллат комилан бовар намекунанд. Аммо натиҷаҳои нохалафиву ватанфурӯшии аъзоёну пайравони ТТЭ ҲНИ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани ифротгароӣ, умуман нисбати хоинони миллат- ТТЭ ҲНИ ва дигар равияҳои ифротӣ муборизаи беамон мебарем!

ҒАФУРОВА Ф.К.,
ассистенти кафедраи
назарияи иқтисод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *