Изҳороти устодон ва донишҷӯёни кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ ба сокинони кишвар оиди тазоҳуроти ҷавонон дар назди сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе

Дар санаи 21 май дар назди сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе митинги эътирозӣ бо иштироки даҳҳо нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Онҳо бо шиорҳои гуногун бар муқобили сиёсати дахолаткунандаи Эрон ба корҳои дохилии Тоҷикистон, дастгирии ҳизби ғайриқонунии наҳзати исломӣ аз тарафи Эрон баромад намуданд.

Тазоҳурот дар назди сафорати Эрон як ҳафта баъд аз он сурат гирифт, ки дар бораи Ҳизби мамнуи наҳзат, маводе нашр шуд, ки он ҳизби террористист ва аъзои он мазҳаби шиаро кабул кардаанд.

Мо устодон ва донишҷӯёни кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ баъди дидани навори тазоҳуроти ҷавонон дар назди сафорати кишвари Эрон чунин изҳоротро пешниҳод мекунем:

  • фаъолият ва кирдори ҳизби ғайриқонунии наҳзати исломӣ нодуруст аст, онҳо бо ҳар роҳ мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро ноором гардонанд, ҷавононро бар муқобили сиёсати давлатї бармехезонанд;
  • дӯстии байни Тоҷикистону Эронро бояд эҳтиром кард ва дастгирї кард;
  • ҳукумати Эрон бо ҳар роҳ роҳбарони ҳизби ғайриқонунии наҳзати исломиро дастгирӣ мекунанд, Муҳиддин Кабирӣ дар паноҳи ин кишвар аз ниятҳои нопоки худ даст намекашад;
  • мо аз ҳукумати Эрон хоҳиш мекунем, ки чунин хоинони ватанро пушту паноҳ надиҳанд, онҳо дар ҳақиқат ҷинояткоранд ва мувофиқи талаботи муносибатҳои байналмилалӣ онҳоро ба мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тољикистон супоранд;
  • ҷавонони кишварамонро гумроҳ накунед;
  • барои ба ватан баргаштани гумроҳшудагони тоҷик кӯмак расонанд, бар муқобили террористони ҳақиқӣ мубориза баранд;
  • дар Тоҷикистон барои ҷангҳои мазҳабӣ ҷой нест.

Ҳадафи мо ин аст, ки мо давлат сохтем, ватанро обод кардем ва конститутсия тартиб додем. Аз ин рў мо намехоҳем, ки хоинони миллат дар ҳар ҷо рафта, давлату миллати моро сиёҳ накунанд.

Мо устодон ва донишҷӯёни кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ тарафдори сулҳу осоиш ва ваҳдати миллии мардуми кишвар мебошем ва намегузорем, ки ҳеҷ ҳаракате оромию  суботи ватани азизамонро халалдор намояд.

 

Устодон ва донишҷӯёни молия ва қарзи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *