ИҒВОГАРИИҲОИ НАВБАТИИ М.САДРИДДИН ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Имрӯзҳо хоини миллат Муҳаммадиқболи Садриддин бо васвасаҳои шайтонии худ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаии ифротии “Пайванд“, ки саропо ғаразу дуруғу ифрот, иғвогарона аст, баромад намуда, тухми кинаву адоват кошта истодааст.
Мушоҳидаҳо нисбати кору рафтори Муҳаммадиқбол собит менамояд, ки бешарафу бахил имрӯз баҳонаҷӯӣ намуда, бо ҳар гуна роҳ номи давлату миллат ва ҳукумати кишварро сиёҳ кардан кӯшиш дорад.
Бо баробари ин, доир ба авзои кунунии Афғонистон ёдовар шуда қайд менамоем,ки имрӯз ин ҳолат ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар робита ба ин андешаҳои гуногун оид ба ояндаи кишаври ҳамсоя нисбати ғасбкориҳои ҳаракти “Толибон” баъзе афрод инчунин Муҳаммадиқбол низ ин ҳолатро истифода бурда, бо таври худ “сиёсатмадор” вонамуд карда, бо ин роҳ мехоҳад ақидаи ҷомеаи имрӯзаро нисбати муносибати байни Тоҷикистону Афғонистон дигар созад. Баробари ин дигар хоину хиёнаткори миллат Беҳрӯз Тағойзода,ки бо суханҳои иғвоангезона (правакатсионӣ) ва бардурӯғу воҳимаангезро аз номи Гурӯҳи-24 паҳн карда истодааст. Воқеан ин иғвогариҳои хоинони миллат пеш аз ҳама тибқи супориши хоҷагони хориҷӣ мебошад ва ҷиҳати амалӣ намудани он кӯшиш дорад, ки аз иғвоангезиҳо ва ба шӯр овардани мардуми оддӣ ва давлати тинҷу ором ин тоифа инсонҳо манфиатдор ҳастанд.
Бо назардошти масоили матраҳгардида, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки амалҳои пастмондаҳои ТТЭ ҲНИ, хиёнаткор Муҳаммадиқбол бешараф ва хасадхӯру беномус Беҳрузи Тағойзода моро бори дигар водор месозад, ки аз чунин душманони қаттоли миллату давлат бояд дар эҳтиёт бошем. Суханҳои нопоку бевиҷдононаи ин бадхоҳони миллат шадидан маҳкум мекунем ва минбаъд низ барои ҳифзи марзу буми кишвар ва умуман, вазъияти ҷаҳони муосир, зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти кишвари азизамон, оромиву ободии кишвар ва
рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии кишвар талош варзанд.

Д.ШАРИПОВ,
ассистенти кафедраи
тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *