ТТЭ ҲНИ – СУРОБИ КИБЕРТЕРРОРИЗМ!

Ҷаҳони муосир саршор аз рӯйдодҳои мухталиф ва зиддияту мухолифатҳост. Ҳар рӯз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан ҳаргиз раво нест. Дар робита ба ин қайд менамоем, ки хоинони миллат баъд аз аёну исбот шудани ҷиноятҳои содирнамудаашон бештарашон фирорӣ шуда, қисме дар Аврупо зиндагии мухоҷирона дорад ва инсони дарбадари дур аз Ватан ҳастанд. Чунин аст ҷазои касоне, ки нисбати Ватану миллати худ хиёнат мекунад! Ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеа ҳеҷ гоҳ намебахшад. Имруз он дасисабозии хоинони миллат, ки нисбати халқи мо хиёнат мекунанд, ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз аъзоёни ҳизбу равияҳои ифротӣ ба худ хулосабарорӣ накарда, рафтору гуфтораш чун солҳои қаблӣ ҳамон аст! Масалан дар роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаҳои кушоди иттилоотии имрӯза, дар барномаи ифротӣ бо номи Паймони миллӣ (калимаи Тоҷикистонро илова намекунем) баромад намуда, бо нисбати миллату давлат тӯҳмату ғайбат карда, дастовардҳои кишарамонро нодида мегирад ва бо ин васила мардумро гумроҳ кардан кӯшиш дорад.
Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки роҳбару пайравони ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ, дар навбати аввал, бо ҷавононе сару кор доранд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд. Баробари ин, қайд кардан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, ки хоинони миллат ин ҳолатро низ яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардаанд. Инчунин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки натанҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Ҳоло наҳзатиҳо барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан аз кибертерроризм истифода мекунанд. Яъне ТТЭ ҲНИ – суроби (призрак)кибертерроризм аст!
Воқеан, кибертерроризм ба инсоният бо хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, ки онро бо аслиҳаи ядроӣ, бактериологӣ ва кимиёӣ муқоиса кардан мумкин
аст. Таҷрибаи бадастомада оид ба кибертерроризм шаҳодат медиҳад, ки хатари он бисёр давлатҳоро таҳдид мекунад. Кибертерроризм сарҳад надорад ва ҳар лаҳза метавонад ба низоми иттилоотии кишваре, ки дар ҳар нуқтаи кураи замин ҷойгир аст, таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин, алалхусус ҷавонони мо бояд аз хурдсолӣ рӯ ба дониш оваранд ва дар бораи донишҳои ҳаётан муҳим маълумот дошта бошанд. Донишҳои аввалинро фарзанд аз модар мегирад. Мактаби нахустини инсон-мактаби модар аст. Барои ҳамин, дар навбати аввал зан- модар худаш бояд таҳсил карда бошад, то ки дар оила таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монад ва ба хотири ояндаи неки фарзанди худ, ӯро аз хурдӣ дар рӯҳияи ватандориву ифтихори миллӣ тарбия намояд. Ҳар як зан-модари бедордили тоҷик бояд ба қадри тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот бирасад. Вазифаи ҳамаи мо аз он иборат аст, ки ҷавонони гумроҳро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *