ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ЧУН БӮҚАЛАМОН РАНГ ИВАЗ МЕКУНАНД!

 

Хиёнаткори миллат Муҳиддин Кабирӣ тариқи  шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо намуда, чун солҳои қаблӣ худро намоиш дода, бо ин васила  мақсад дорад ба мардуми тоҷик ва хусусан насли наврас тасъир расонад. Дар суханрониаш М. Кабирӣ доир ба масъалаи марзи Тоҷикистону Кирғизистон худро “сисатмадор” шуморида, иғвогариву ғайбат мекунад. Ҳол он ки Кабирӣ дар масъалаҳои иқтисодиву сиёсӣ собиқаи кории начандон тулонӣ дорад, умуман сисатмадор, таҳлилгари сиёсӣ нест ва ба ҳодисаву воқеаҳои бавуҷудомада дуруст баҳо дода натавонистанаш ба назар мерасад. Ин ҳолат метавонад ба миллати мо иллат оварад.Чунки ӯ бо забони тоҷикӣ ҳарф мезанад.

Таъкидан қайд мекунем, ки воқеан масоили сиёсат ин бозича нест! Алалхусус дар сатҳи байналмиллалӣ сухан гуфтан бояд андешаи солим ва тафаккури бениҳоят баланд доштан лозим аст. Бо баробари ин дар бораи миллату кишвар ва ҳамсояҳои сарҳадӣ сухан равад, зимни баёни андешаҳо пеш аз ҳама манфиатҳои миллатро ба инобат гирифтан зарур аст. Хулоса М.Кабирӣ ҳак надорад, ки аз номи миллати тоҷик ҳарф занад. Вале имрӯз М.Кабирӣ хулосабарӣ накарда дар барномаи Паймони миллӣ намоишкорона масъалаҳоро муғризона бозгӯ менамояд ва мақсадаш аён, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро дар назди хоҷагони сармоядеҳу барномасозаш бадном кунад. Ҳоло евромуллои хиёнаткор М.Кабирӣ мисли  бӯқаламон (хмелеон)  бо ҳар гуна ранг пайдо мешавад ва бо ҳар гуна ранг бозӣ мекунад. Мо чунин нафароин маъюсро сахт накӯҳиш карда, ба ӯ лаънат мехонем.

Мардуми ватандори мо дар муддати солҳои пур аз нишебу фарози Истиқлол, зиракии сиёсиро аз даст надода, аз паёмадҳои чунин фитнагариҳо  бохабаранд.  Имрӯз мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат- душманони миллат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурӯш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст ва дар оянда низ хоҳад бурд.

 

 

Раҳимов С.Қ., ассистенти  кафедраи молшиносӣ

ва фаъолияти гумрукӣ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *