ҲАДАФҲОИ ДУШМАНОНАИ НАҲЗАТИЁН АЁН АСТ!

 

Тӯли чанд соли охир терроризм ва экстремизм нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои алоҳида гардидааст. Амалҳои террористӣ ва экстремистӣ дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон боиси сар задани низоъҳои сиёсӣ, куштори аҳолии осоишта аз он ҷумла занону кӯдакон, амнияту суботи мардум гардида, рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишварҳои оламро ба даҳсолаҳо ақиб андохтааст. Яке аз чунин гуруҳ наҳзатиён мебошад, ки шурӯъ аз оғоз фаъолияти пасипардагии худро оғоз намуда, барои бадбахт намудани миллати тоҷик амал намудааст. Таҳлилҳо собит менамояд, ки воқеан гурӯҳҳи террористии наҳзатӣ-ТТЭ ҲНИ андеша ва амалҳояшон бар зидди инсон, зиндагии осудаи инсонӣ равона шудааст, ҳеҷ гоҳ андешаи созанда ва амали офаринандаву зиндагисозро на барои ҷомеа ва на барои миллат анҷом надодааст. Имрӯз бештари аъзоён ва ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ дар  Аврупо иқомат доранду, тибқи супориши хоҷагонаш доимо барои раҳгум сохтани наврасону ҷавонон ва ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷалб кардани ин қишри осебпазир аз шабакаи интернет ба таври васеъ истифода мебарад. Воқеан ҳадафҳои душманонаи наҳзатиён  аён аст! Масалан М.Кабирӣ мунтазам тариқи барномаи «Паймони миллӣ» баромад намуда, барои расидан ба ҳадафҳои душманонаи худ суйистифода намуда, бо роҳҳои иғвоангезию даъватҳои зидди конститутсионӣ мардумро, алалхусус ҳамватанони муҳоҷирамонро муқобили миллату давлат ба ҷанг даъват карда истодааст. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки солҳои охир 70 фоизи шахсони ба сафи ҷангиёни кишварҳои дигар, аз ҷумла Сурияву Ироқ шомилшуда аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб ва истихдом гардидаанд. Бинобар ин ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Мо, омӯзгорон, бояд ҳамарӯза ва ҳамавақта ба ҷавонону наврасон таълим диҳем, ки аз касофати ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ худро эмин нигоҳ доранд. Он ҷиҳоду шаҳодати доишиёну наҳзатиён ба ҷуз ҷангу хунрезӣ дигар фоидае нест. Хилофати сохтаву бофтаи онҳо макони қатлу куштори мардуми гаштааст.

 

ҲОШИМОВА М. А.,

 ассистенти кафедраи молшиносӣ

ва фаъолияти гумрукӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *