Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи гирдиҳам омадани гуруҳҳои мухолифин дар шаҳри Дортмонди Олмон матолиби зиёде ба нашр расид. Ин гирдиҳамоию роҳпаймоиҳоро мардуми сарбаланди кишвар сахт маҳкум менамоянд ва бар зидди афкору андешаҳои онҳо баромада, мо толиби сулҳу ваҳдат ва осоиштагии ватани азизамон мебошем. Дар шароити кунунӣ бояд ҳар як шахси ватандӯст бо дилу нияти пок ва ҳисси баланди ватандорӣ барои ободии ватан саҳми арзандаи худро гузошта, зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Мо ҳама шоҳиди воқеаву ҳодисаҳои кишварҳое мисли Сурия, Ироқ, Афғонистон, Яман гардидем, ки дар як лаҳза бо фиреби душманони дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷангу ҳидолҳо кашида шуда, то ҳануз аз ин вартаи муҳлик роҳи наҷот наёфтаанд.
Ҳар нафар тоҷики бонангу номус бояд шуқронаи осоиштагӣ, оромии сарзамини бихиштосоро кунад. Ҳазор дареғ, ки ҲНИ бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон дар хориҷи кишвар намехоҳанд, ки ҳаммиллатони хеш зиндагии осоиштаи худро пеш баранд, орому осуда кору фаъолият намоянд, аз забони онҳо калимаи «шукр»-ро мешунавем, вале дар дил хаёли ғадр доранд. Чунин ашхосро дида, амалҳои зишту нопокашонро шунида, мақоли «гандумнамои ҷавфурўш» ба ёди кас мерасад, зеро маҳз ҳаминҳо буданд, ки кишвари як вақтҳо орому осудаи моро ба хотири амалӣ шудани мақсадҳои нопокашон ба гирдоби бало афканданд ва имрўз низ мехоҳанд, ки такроран ба чунин ҷинояти гўшношунид, хиёнати нобахшиданӣ даст зананд. Чунин ашхос ба ҳеҷ ваҷҳ фикри ба манфиати халқу миллат кор карданро надоранд.
Шиори онҳо аз азал «ҷудоӣ андозу ҳукмронӣ намо» буду ҳаст. Онҳо тайёранд, ки бо хориҷиёни бадхоҳи миллати мо забон як карда, кишварро ба вартати ҳалокат андозанд ва душманони миллати мо, албатта, омода ҳастанд, ки барои ин кор ба онҳо ёрии моддиву маънавӣ расонанд, зеро онҳо хуб медонанд, ки роҳи интихобкардаи ташкилоти экстремистии террористии ҲНИ мардумро ба зулмат мебарад.
Мо якдилона иғво ва дасисаҳои нопоки ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум менамоем.
М. Файзиева,
мудири кафедари забонҳои тоҷикию
русии ДИС ДДТТ, номзади илмҳои филологӣ