Дар хориҷи кишвар бо дастури хоҷагони худ ба бадномкунии Тоҷикистон машғуланд

Мо дар остонаи таҷлили ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ҳама масъулият ва пешрафту ободии кишвар маҳз ба ин санаи фархунда иртибот дошта, боварӣ дорем, ки мардуми шарифи тоҷик бо меҳнати шоён дастовардҳи худро афзун намуда, барои шукуфоии Ватани азизамон саъю талоши созанда менамоянд.
Пешвои муаззами миллат, Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистон дар баробари таҳкими истиқлолияти миллӣ неъмати бузургеро чун ваҳдати миллӣ ато намуданд, ки имрӯз мо ҳамагон вазифадорем, ки дар роҳи ҳифзи ин ду ганҷи бузург- истиқлол ва ваҳдати миллӣ якҷоя иқдом намоем. Аз ин рӯ, тамоми мардуми тоҷик имрӯз боварии комил доранд, ки ин сулҳу ваҳдати тоҷикон бо роҳбарии Пешвои миллат умри абад хоҳад ёфт ва бо гузашти фосилаҳо арзиш ва аҳамияти он барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бештару пештар мегардад.

Аммо, мутассифона, ҷамъомад ва ё гирдиҳам омадани мухолифин дар Олмон боиси нигаронии мардуми сарбаланди кишвар гардидааст. Як гуруҳ душманони миллат фирефтаи афкори аҷнабиён гашта, даст ба тазоҳурот зада, зидди Тоҷикистон суханҳои носазо мегӯянд. Гузашти замон нишон дод, ки ин гурӯҳҳои ифротгаро, ки оромиш ва сулҳу суботи Тоҷикистонро нодида мегиранд, боз ҳам бо мавқеи хоҷагони хориҷии хеш ҳаргуна сару садоҳоро дар дохили кишвар баланд намуда, оқибат даст ба ошӯб заданд. Ҳамин гурӯҳҳо, ки фазои осудаи Тоҷикистонро намехостанд, сирати аслии хешро нишон доданд ва ҳамакнун дар хориҷи кишвар бо дастури хоҷагони худ ба бадномкунии Тоҷикистони соҳибистиқлол, Ватани азизи худ машғуланд.
Имрӯз мо шукргузорем, ки воқеяти таърихиро халқи шарифи Тоҷикистон ба дурустӣ дарк намуда, фирефтаи ин афкори носолим намешаванд. Имрӯз ҳам онҳое чунин суханонро нисбат ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ки худашон ба аҳдномаи сулҳ вафо накарданд ва дубора бо дастури хоҷагонашон ба хотири халал расонидан ба раванди сулҳ даст ба ошӯб ва ҳаракатҳои мусаллаҳона заданд.
Мо ҳама дасисаву бадандешиҳои онҳоро маҳкум намуда, зидди фаъолияти ТЭТ ҲНИТ садо баланд мекунем ва намегузорем, ки ҳеҷ бадхоҳ ба оромию суботи кишвар халал ворид кунад. Ҳама сокинони кишварро ба ваҳдату якдилӣ даъват карда, аз забони шоир гуфтанием:

Боядо, бошем мо девори ҳам,
Дар ҷаҳони хештан дунё шавем.
Баҳри ҳифзи марзу буми хештан,
Ҷон ба каф бигрифтаю пӯё шавем.

Д. Мирпочоев,

мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ,

номзади илми иқтисод, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *