Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ оид ба амалҳои бадхоҳони миллат дар ноҳияи Данғара

Ҳамаи сокинони Тоҷикистон ва аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд аз садамаи нақлиётии рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон содиршуда, ки боиси ҳалокати чор нафар сайёҳи хориҷӣ шуд, иттилоъ пайдо намуда, хеле ғамгин гардиданд.
Заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо баҳри рушди бемайлони кишвар, фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум ва муаррифии мамлакати биҳиштосоямон ба ҷаҳониён нигаронида шуда, моро дар навбати худ водор месозад, ки дар сурати халалдор шудани вазъи амнияти кишвар бетарафӣ зоҳир накунем.
Он душманони миллат, ки дидаву дониста ба оромии ҷомеаи мо халал ворид месозанд ва кишвари орому мардуми дорои маданияти волоро ба ҷаҳониён бо дигар усул муаррифӣ месозанд, ҳаргиз ба мақсади нопоки хеш расида наметавонанд. Зеро имруз мақомоти қудратии кишвар ва аз ҳама муҳимаш мардуми сарбаланди тоҷик имкон дорад, ки садди чунин хоинони миллат гарданд.
Ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғараро шарҳ дод. Вазорат дар ин кор ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва таҳсилдидагони Эронро айбдор намуд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 31-уми июл бо нашри як иттилоияи махсус гуфт, ин гурӯҳ зери раҳбарии Ҳусейн Абдусамадов даст ба куштори сайёҳон задаанд. Дар иттилоияи вазорат гуфта мешавад, ки Абдусамадов чаҳор маротиба дар шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Эрон “таълими идеологӣ, ҳарбӣ-диверсионӣ” гирифта, дар онҷо бо аъзои ҲНИ Носирхӯҷа Убайдов бо тахаллуси “Қорӣ Носир”, ки дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мулоқот намуда ва шомили ин гурӯҳ шудааст. Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳамла ба сайёҳон дар Данғара бо дархости Носирхӯҷа Убайдов амалӣ шудааст, ки аз соли 1992 узви Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад. Вазорат мегӯяд, ки ин афрод пас аз анҷоми ин куштор ният доштанд, ки тавассути ноҳияи Панҷ ба Афғонистон фирор намуда, “ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд.”Сомонаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 31-уми июл акси 9 нафареро нашр карданд, ки дар ҳамла ба сайёҳон гумонбар дониста мешаванд. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, бархе аз ин афрод дар вақти боздошт муқобилияти шадид нишон додаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зимни баёни изҳорот таъкид карданд, ки дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми “одамкушӣ”, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва “тафтишот дигар фарзияҳои эҳтимолиро истисно намекунад”. Тафтиши парванда зери назари мустақими раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Мо, аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ амалҳои иғвогарона ва дасисаи навбатии ДИИШ ва ТЭТ ҲНИ сахт маҳкум менамоем ва боварӣ дорем, ки асрори бадхоҳони миллат ифшо гардида, барои чунин амали зишт онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *