Хониши сиёсӣ таҳти унвони “Аз Паём то Паём”

 Санаи 14 декабр дар факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд хониши сиёсӣ таҳти унвони “Аз Паём то Паём” баргузор гардид, ки дар он муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахридинзода, декани факултет А.Ҷалолов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон М.Саидов, ширкат ва суханронӣ намуда аз дастовардҳои соли ҷорӣ, ки дар доираи амали намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд гуфта гузаштанд.Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи амал барои сол буда, иҷрои он моро ба ҳадафҳои олӣ мерасонад. Инчунин, ҷавонон низ вобаста ба дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар ёдовар шуда, иброз доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун мутахассис ба воя расида дар пешбурди соҳаҳои иқтисод ва савдо саҳми худро мегузоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *