ХОИНОНИ МИЛЛАТ – ДЕВСИРАТУ АҲРИМАНСИФАТ

Имрӯзҳо барои хоинони миллат – девсирату аҳримансифат, яъне роҳбарону пайравони ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи-24 ягона роҳ барои фаъолияташон дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода, гӯё «адолату ҳақиқатро»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанд. Чунончӣ, бо дастуру маслиҳати роҳбарону хоҷагонаш дар моҳҳои охири соли равон хоинони миллат Муҳаммадиқболи Садриддин, Ашуров Ҳусейн дар барномаҳои «Ҳақ ва ботил», «Минбари муҳоҷир» ва Беҳрӯз Тағойзода, аъзои Гурӯҳи-24” дар барномаи ифротӣ бо номи “Садои мардум” бо навбат баромад намуда, пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд. Аз ин рафтору гуфтор халқу миллат, умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ мегӯяд?! Миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунад!? Ин гуна ҳолат, аз ҷониби дигар миллату халқҳо имрӯз ба назар намерасад! Ин далелу арқон моро ҳушдор медиҳад, то ба хулоса оем ва дарк намоем, ки омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо то ҳол пурра решакан нашудаанд. Бинобар ин имрӯз ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ лозим аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо ва умуман ҳамватанонро аз макру ҳила ва найрангбозии гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ огоҳ созанд. Баробари ин метавон хулоса кард, ки ифротгароии иттилоотӣ чун падидаи нави технологӣ ба амнияти миллии кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ мерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури Муҳаммадиқболи Садриддин ва Беҳрӯзи Тагойзода суханбозони девсирату аҳримансифат барои дур нигоҳ доштани аҳлу аёли хеш, бахусус ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки хоинони миллат-девсирату аҳримансифат дар барномаи ифротиашон нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гӯянд!

Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *