ТУҲМАТУ ҒАЙБАТҲОИ НАВБАТИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ – хоинони миллати кишвар, аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, дар барномаи ифротиашон таблиғи андешаҳои ботил, пеш аз ҳама ноором намудан ва рахна сохтан ба девори сулҳу суботи кишвар, барҳам задани умеду орзуи мардум ва дар вазъияти ногувор гирифтор намудани ҷомеаи имрӯзаи мо кӯшиш доранд. Алалхусус, бо иғвоҳои пайравони ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашӯров дар барномахоии «Ҳақ ва ботил», «Минбари муҳоҷир» ва Беҳрӯз Тағойзода, узви аъзои Гурӯҳи-24 дар барномаи ифротии “Садои мардум” бо навбат баромад намуда, хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaн ҳаракат дорaнд.
Мо доир ба фаъолияти зиддидавлатии ин хоинони миллату давлат бо санаду далел ва мисолҳои зиёде борҳо навиштаем. Боз ёдовар шуда, таъкидан қайд менамоем, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашӯров ва Беҳрӯз Тағойзода воқеан бадхоҳони миллатанд, нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд. Ин роҳгумзадагон бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашонро ба боди фано супурда, ҳоло барои амалҳои навбатиашон дар назди корфармоёнаш чӣ сарфу харҷ мешавад ҳисобот дода, дар пайи иҷрои супориши навбатии хоҷагони худ ҳар иғвою дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, гуфтан доранд. Дар робита ба ин қайд менамоем, ки санаи 23 октябри соли равон дар барномаи ифроти «Садои мардум» Беҳрӯз Тағойзода, боз бо баҳонаи қазияи қаллоб Иззат Амон иғво барангехта, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намудан кӯшиш намуд Дар робита ба ин бояд ёдовар шуд, ки воқеан Иззат Амон аз қабили онгуна инсонҳост, ки сиришташ сар то по фиребу найрангбозист. Офтобро бо доман пӯшида намешавад. Оқибат Иззат Амони барои содир намудани амалҳои қаллобӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Русия шаҳодатномаи шаҳрвандиашро бекор карда, нисбати вай парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Ин ба ҳамагон аён асту тасдиқи худро ёфтааст. Ба хоини миллат – Беҳрӯз Тағойзода таъкид намуда, ба хотираш меорем, ки Федератсияи Русия яке давлатҳои абарқудрат аст, ки нисбати қаллобии Иззат Амон тибқи қонуну санад ва меъёрҳои амалкунанда бо далелхои раднашаванда истирдод (депортация) карда шудааст! Ин далелу шаҳру эзоҳоро Беҳрӯз Тағойзода медонад ва ё намедонад кори мо нест, вале вақт довару таърих гувоҳ аст, ки Иззат Амон ба фитнаи наҳзатиён афтода оқибат беиззат гардид.
Бо баробари ин зимни суханрониҳои подарҳаво ва намоишҳои сохтакориҳо оид ба масоили маҳдудити барк суханхои беасос намуд. Гуё ки мутахассиси ин соҳа бошад. Дар рафти барномаи ифротиаш бо суолу ҷавоби шаҳрвандон худро бефарҳангу беодоб нишон дода, дилсиёҳу туҳматчию ғайбатчӣ буданашро бори дигар исбот намуд. Чунончӣ, бо як муҳоҷирати мехнатӣ қародошта, ашхосе бо номи Мансур дар рафти ҷараёни суоли ҷавоб рӯирост туҳмат намуда, қайд намуд, ки Мансур дар ҳудуди Точикистон асту дар муҳоҷирати меҳнат қарор надорад. Баъди шунидани ин сухан Мансур бо далели амиқ тариқи телефони мобилии худ дар куҷо буданашро намоиш дода, тасдиқ намуд, ки ӯ хақиқататан дар шаҳри Екатеренбурги Федератсии Руси қарор дорад. Бо ин рафтору кирод симои аслии Беҳрӯзи тӯҳматчии дуруғгӯ ба ҳамагон бори дигар аён шуд. Воқеан аз сабаби надоштани ғояҳои худ Беҳрӯз мунтазам ба дурӯғпароканиҳои сиёсию идеологӣ ва тасарруф кардани моликияти зеҳнии дигарон даст мезанад. Таблиғотгароии ин хоини миллат бори дигар дар ин масъала нишон дод, ки чашмонашро пардаи ғараз кӯр карда, дигар ҳеҷ қадами некро дида наметавонад. Ин ифротгар ба ҷойи ин корҳои иғвоангезона, корҳои хайр ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои созанда барои инкишофи мамлакат ва ғайра боз машғул шуда, ба дигарон, хусусан ба ҷавонон ҳамчун намунаи ибрат мешуд. Ҳаминро гуфтан мехоҳем, ки воқеан шахси солимақл, танҳо барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кӯшиш менамояд, байни ҷомеа нуфузу эътибори хосса пайдо мекунад, вале баръаксии ин хислатҳо Беҳрӯз роҳгумзада мебошад. Шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани хеш амалҳои номаҳрамро раво мебинад фардо дар назди миллату давлат ҳатман ҷавоб хоҳад дод!
Дар фарҷоми мақолаи хеш мо Беҳрӯзи маъюси ҳасадхӯрро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонашро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурӯғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд. Ин ҳама навиштани андешаро аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комили кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза мегирем. Воқеан халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

Х.УМУРОВ,
ассистенти кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *