ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ доир ба иғвою дасисабозиҳои душманони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо кормандони шуъба дар давоми моҳҳои охири соли равон тариқи шабакаи иҷтимоӣ, душмани миллат-пайрави ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин дар барномаҳо ифротии “Ҳақ ва ботил”, “Минбари муҳоҷир” ва Беҳрӯзи Тағойзода, аз аъзои Гурӯҳи-24 дар барномаи ифротии “Садои мардум” баромадҳо намудаанд, назарсанҷӣ карда, хиёнаткорони миллатро шадидан маҳкум менамоем ва нисбати иғвою дасисабозиҳои навбатиашон андешаронӣ менамоем. Воқеан таҳлилҳо собит менамояд, ки маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст. Ин гурӯҳҳои ифротгарои динӣ, яъне ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи-24 мехоҳанд, ки давлату миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд. Умуман рафтору амали душманони миллат даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепояаш дар бораи масъулият, одобу аҳлоқ, дину диёнат ва дигар насиҳатомези иғовоанезонааш бори дигар ба мардум нишон дод, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро дар назди хоҷагони сармоядеҳаш бадном кунад.
Хулоса, ҳадафи душманони миллат ба ҳамагон маълум аст, ки он асосан байни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Бинобар ин, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон пешгирӣ намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *