Имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Мутаассифона, дар тасаввури баъзе шахсиятҳо ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой дорад. Ин гуна шахсиятҳое, ки саводи дурусти дини надоранд ба гурӯҳҳои Муҳиддин Кабирӣ барин шахсиятҳо шомил гардида, қисми зиёди онҳо ба фиребу найранги онҳо дода шуда, аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум мегарданд. Суол ба миён меояд! Чаро мо, маҳз номи ТТЭ ҲНИ-ро ба забон овардем?! Ба ин суол бе ягон мушкилӣ посух медиҳем, ки воқеан таърихи башар исбот кардааст, ки ҳама абарқудратҳо маҳз бо таъсису ташкил намудани ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломиву характери динӣ дошта ва бо маблағгузориҳои ҳангуфт, дар ин ё он давлатҳои рушдкунанда ва маҳз ба давлатҳои бо ном исломӣ, ҳадафҳои ниҳоиашонро роҳандозиву амалӣ менамоянд. Ин падидаро Муҳиддини Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, ба мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин, дар ҷаҳони ислом ташаккули худшиносии динии халқҳои мусулмон маънидод мекунанд, аммо ин аз воқеъият хело дур аст. Аслан ин ҳизб барои дини мубини ислом бегона аст. Мақсади асосии ТТЭ ҲНИ дини исломро истифода бурда, рафтору гуфтораш фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум мебошад.Имрӯз низ роҳбар ва бештари аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, ҳоло ҳам барои амали намудани нақшаҳои муғризонаи худ даст накашидаанд. Хинони миллат имрӯз бо номи “Паймони миллӣ” намоён мешаванд ва аслан ҳамон ТТЭ ҲНИ мебошад,ки бо бори дигар пӯсташро иваз намудааст.Ин навбат моҳҳои охири соли равон Кабирию ҳамммаслакон ва думравонаш оид вазъи кунунии Афғонистонро истифода бурда, дар барномаи ифротиашон оид ба масъалаи нерӯҳои ҳаракати “Толибон» ва баробари ин қазияи Хоруғро ғайривоқеӣ маънидод менамоянд. Бо ин бозии навбатиашон бадхоҳони миллат барои аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, ба бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор шудани миллату давлат, ба ҳадафҳои аслии худу хоҷаҳои хориҷиашон расидан кӯшиш доранд. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар коре надоранд. Хуллас, мақсади навбатии наҳзатиёни фирорӣ, бахусус Кабирии хоин ин иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, аст. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
Моро имрӯз зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои бадхоҳони миллат дода нашавем. Ба мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ намоем ва аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил!
Д.ШАРИПОВ,
сармуаллими кафедраи
ҳуқуқшиносӣ