Иштирок дар «Модели байналмилалии СҲШ»

Санаи 16 декабр дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Нижний Новгороди ба номи Н.А.Добролюбов «Модели байналмилалии СҲШ» – бозии интерактивии таълимӣ барои донишҷӯён гузаронида шуд, ки он бо фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай шинос менамояд. Бояд қайд кард, ки дар доираи ин бозии байналмилалӣ якчанд коршинос аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, бо маърӯзаҳои худ тариқи маҷозӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, мудири бахши муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, н.и.и. Блиничкина Н. Ю., муовини сардори Раёсати омӯзиши проблемаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидоятзода К., ва ҳамчунин Ф.Ҳошимов муаллими калони кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд.
Устоди кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Ф.Ҷ. дар мавзӯи “Ҳамоҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СҲШ оид ба масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ” баромад намуда, дар бораи масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар фазои СҲШ ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои амнияти Осиёи Марказӣ маърӯзаи пурмуҳтаво карданд. Ҳамчунин, оид ба масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз ғояҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳо дар фазои киберӣ дар баромади худ қайд карда гузаштанд.
Бо дарназардошти баланд бардоштани нақши соҳаи маориф ва илм дар донишкада, шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ ва байнидонишгоҳии устодон ва донишҷӯёнро густариш бахшида, мавқеи донишкадаро дар миқёси ҷумҳурӣ боз ҳам баланд бардорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *